Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 19 май ба 1936 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 207 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд.
Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус - covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта ҳеҷ кас аз ин беморӣ вафот накарда, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус 41 нафар боқӣ мемонад.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи шумори фавтидагон аз Covid-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои дастгирии табибони Тоҷикистон иқдоми ҷамъоварии маблағ - “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!”-ро роҳандозӣ кард. Он тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён (ризокорон) ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад.
Дар доираи он “Азия-Плюс” ба эҳтиёҷмандон бо таҷҳизот ва маводи тиббӣ, ғизо ва маълумоти муфид ёрӣ мерасонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.