Thomson Media ва АМВАОМТ курси омӯзишии бепули далелсанҷиро пешниҳод карданд.
Ҳадафи давра – кӯмак дар шинохтани маълумоти носаҳеҳ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет дучор шудан мумкин аст. Пас аз гузаштани давраи омзишӣ, шумо метавонед маълумоти бардурӯғу фейкиро беҳтар шиносед ва дар бораи воситаҳои асосии тафтишу тасдиқи маълумот тасаввурот пайдо кунед.
Бо омӯхтани курси омӯзишии Thomson Media ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон шумо ба саволҳои зерин ҷавоб мегиред:
“Хабари дурӯғин ё фейкӣ” чист? Чӣ гуна метавон онҳоро шинохт ё ошкор кард? Бо сарчашмаҳо чӣ гуна бояд кор кард? Оё акси ҷолибро насанҷида ба дигарон фиристодан дуруст аст? Чаро ба ҳамаи дидаву шунидаҳо бовар кардан дуруст нест?
Дар фарҷоми давраи омӯзишӣ шумо метавонед таҳрифҳои барқасдона ва тасодуфиро фарқ кунед, хабарҳои “фейкӣ”-ро шиносед, иттилои носаҳеҳро дарк кунед, ба хабару маълумот бо назари интиқодӣ нигаред ва бо воситаҳои махсуси ошкорсозии иттило, расму наворҳои бардурӯғу бофта ошноӣ пайдо кунед.
Курси омӯзишӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас ҳастанд.
Бо забони тоҷикӣ: https://thomsonfoundation.edcastcloud.com/learn/self-paced-7043
Бо забони русӣ: https://thomsonfoundation.edcastcloud.com/courses/7044/learn
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!




Таджикистан и Узбекистан создадут мультимодальный коридор между Китаем и Европой
В Душанбе задержали подозреваемого в мошенничестве лже-тренера по футболу
Независимый аудитор проверил Рогунскую ГЭС: есть проблемы и риски
В Узбекистане приняли программу по подготовке пяти миллионов AI-специалистов
В Центральной Азии деградировало около 20% земель — ООН
Январь в Таджикистане будет теплым и с дефицитом осадков
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 января 2026 года
От запретов в России до энерголимита. ТОП-15 самых читаемых материалов «Азия-Плюс» за 2025 год
Как в условиях Таджикистана питаться правильно, чтобы не нагружать организм. И чтобы было недорого
В Таджикистане выросла плата за государственные детские сады
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста