Гурӯҳе аз хонандагони Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз як озмуни байналмиалаии фосилавӣ бо номи “Math Challange-2020” 35 медал ба даст овардаанд.
Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ "Math Challange-2020" моҳи октябр бо ҷалби 1600 хонанда аз 70 кишвари ҷаҳон дар риштаи риёзӣ бо забони англисӣ дар Тайланд баргузор шуд.
Дар ин озмун 35 нафар хонандаи Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 17 медали тилло ва 18 медали нуқра ба даст оварданд. Ҷумъабой Исомитдинов, ҷонишини мудири ин Мактаб ба “Азия-Плюс” гуфт, дар олимпиада, ки онлайн баргузор шуд хонандагони синфҳои 4 то 11 иштирок карданд. “Имрӯз аз ғолибон дар як вазъи тантанавӣ қадрдонӣ шуд”.
Манбаъ афзуд, баъди дастрас шудан ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба ғолибон медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ тақдим мешавад.
Олимпиадаи байналмиллалии математика ва робототехника ҳамасола зери номи «International Math Challange», бо дастгирии Мактаби байналмиллалии Осиё ва Донишгоҳи байналмиллалии Рангситии Тайланд доир мешавад. Соли ҷорӣ бинобар ҳамагирии вируси куруно олимпиада онлайн сурат гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Приезд Кэмерона, итальянское турне и риск заражения чумой
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2024 года
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста