Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2020 ба андозаи 32,4% (835 млн доллар) кам шуд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.
Соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 741 млн долларро ташкил дод. Соли 2019 ин нишондиҳанда ба 2 млрд 576 млн доллар баробар буд.
Маблағи як ирсол ба ҳисоби миёна дар соли гузашта 151 доллар ва дар соли 2019 - 162 долларро ташкил дод.
Охири моҳи декабри соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки интиқоли пули шахсони воқеӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7% кам шудааст.
Ин ҷо фарқияти маълумоти омории Бонкҳои марказии ду кишвар баръало намоён аст, зеро қисмати зиёди маблағи интиқолӣ ба Тоҷикистон аз Русия фиристода мешавад.
Тибқи маълумоти гуногун, айни замон зиёда аз 1 млн нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоли пули муҳоҷирон дар ҷаҳон шуморида мешавад.
Тайи даҳсолаи ахир ҳаҷми интиқоли маблағ аз се як ҳисса ё нисфи ММД-и ҷумҳуриро ташкил медод. Ҳаҷми камтар аз 32% нисбат ба ММД танҳо замони буҳрони солҳои 2015-2016 ба мушоҳида расид, ки мутаносибан 28,3% ва 27,6%-ро ташкил дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Пять мест для весеннего пикника в Душанбе и около столицы
"Эй, джони ман". Как Полад Бюльбюль-оглы и Орифшо Орифов дали концерт в Таджикистане
В какие университеты Китая могут поступить граждане Таджикистана?
Кто, как и чем помогает таджикистанцам в России?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 мая 2024 года
«Россия», «Виктория», «Альбион»: Какую клубнику стали выращивать в Таджикистане и почему ее можно есть без опасений?
Саидджафар Усмонзода покинул пост главы Демократической партии Таджикистана
Путин утвердил структуру нового правительства. В нем нет поста вице-премьера
Как коллекционер из Худжанда сумел сохранить наследие предков
ТОП-5 мест в Узбекистане для тех, кто любит экстремальные развлечения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста