Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар давраи рӯзҳои аз 3 то 5 июни соли ҷорӣ дар ноҳияҳои дар водӣ воқеъбудаи ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво то 36+410, дар ноҳияҳои ҷаннубӣ то 42+450 аз эҳтимол дур нест.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол бо шиддатнокии то 15-20м/с вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ба амал омадани чангу ғубор пешгӯйӣ мешавад.
Рӯзҳои гармӣ дар шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ, ҳарорати ҳавои баланд, ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера, хусусан аз моддаҳои муалақ (чанг) ва зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар пойтахт ин рӯзҳо 38-40 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзҳои 2 то 4 июн дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ба амал омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки ҳушёриро аз даст надода, ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш, бо истифода аз фурсатҳои мусоид селроҳаву наҳр ва ҷуйборҳоро аз партову дигар ифлосиҳо тоза намоянд.
Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинони шаҳри Душанбе тавсия додааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбону кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатии инсон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, тавсияи мазкур ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, шахсони дорои бемориҳои диққи нафас ва қалб дахл дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
МИД Таджикистана приветствовал согласование мирного договора между Арменией и Азербайджаном
«Никогда не принимала лекарства». Секреты долголетия 120-летней Басимо Тураевой из Ховалинга
Токаев распорядился создать в Казахстане Агентство по атомной энергии
Представители посольства Таджикистана в РФ посетили мигрантов в центре временного содержания в Егорьевске
Оперуполномоченного МВД Таджикистана в Хатлоне обвинили в мошенничестве на $20 тысяч
Подстанции в Таджикистане и Кыргызстане свяжет единая ЛЭП
Рамшед и его старатели. Как инженер-программист из Худжанда червей разводит
Трамп сообщил о согласованных элементах соглашения с Россией
Главы МИД стран ЕС не договорились о новой помощи Украине
Без карнавала, но с салютом. Как в Душанбе отметят Навруз-2025?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста