Шуруъ аз 29-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз намудаанд.
Аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 84 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, то имрӯз 16 ҳазору 953 нафари онҳо аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ 124 нафарро ташкил медиҳад.
Ин омори расмӣ буда, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагони фавтидагон хеле зиёдтар арзёбӣ мешавад.
Аз охири моҳи март то ба имрӯз ба Тоҷикистон 4 млн 861 ҳазору 540 воя (доза)-и ваксинаи идди коронавирус оварда шудааст.
Ба ҳолати 13 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 2 млн 168 ҳазору 537 нафар (37,2%) нафар шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 1 млн 278 ҳазору 240 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ 606 ҳазору 885 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе (97,0%) бо вояи якум ва 390 ҳазору 416 нафар (62,4%) бо вояи дуюми ваксина фаро гирифта шудаанд ва ваксинагузаронии сокинони пойтахт бо маром идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
В Бохтаре планируют построить 80 многоэтажных жилых домов
Zypl.ai: первый стартап из Таджикистана, получивший лицензию в ADGM и принявший участие в программе Hub71
Чем опасны таджикские колдуны?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Кармен», «Маленький принц» и K-POP Party
Оползни и сели в Таджикистане подтопили дома и разрушили дороги
Дело Иванова. Бывший замминистра обороны России арестован до 23 июня
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста