Дар муроҷиати худ онҳо дархост мекунанд, ки дастрасӣ ба интернет барои аҳолии ВМКБ барқарор карда шавад. Матни муроҷиат ба “Азия-Плюс” низ фиристода шуд.
Онҳо дар муроҷиати худ гуфтаанд, ки қатъи интернет ҳамчун василае дар муноқишаи рӯзи 25-уми ноябр рухдода дар ВМКБ истифода мешавад.
“Қатъи пурраи дастрасӣ ба интернет ҳамаи моро, ки дур аз хона зиндагӣ мекунем, аз эҳтиёҷоти одии гуфтугӯ бо аъзои оила маҳрум мекунад, ки ин дар давраи пандемияи COVID19 шадидан эҳсос мешавад”, - омадааст дар муроҷиат.
Онҳо менависанд, ки қатъи дастрасӣ ба интернет ба мушкилоти зерини иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда расонид:
Довталабон аз ВМКБ, ки дар макотиби олии хориҷи кишвар таҳсил карданианд, ба иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ имкон надошта, ҳуҷҷатҳояшонро тариқи онлайн супорида наметавонанд.
“Насли наврас набояд барои оқибатҳои ташаннуҷи сиёсӣ масъул бошад ва аз имкони таҳсили беҳтар ва ояндаи шукуфо маҳрум шавад. Хеле кам аз доваталабони таҳсил дар макотиби олӣ имкон доранд, ки 600 км роҳро тай карда, ба Душанбе раванд, то ки танҳо барои супурдани имтиҳони дусоата ба интернет дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳамзамон онҳоро лозим меояд, ки ба дарсҳои мактаб ҳозир нашуда, дар роҳ маблағ хароҷот кунанд.
Мактабхонҳо ва донишҷӯёне, ки бо онҳо дарсҳои пулакии онлайн ё курсҳои тахассусӣ гузаронида мешавад, маҷбуранд, ки аз машғулиятҳо дар канор бошанд.
Фаъолияти тиҷоратии соҳибкории хурду миёна бидуни дастрасӣ ба харидҳои онлайн ва фурӯш тариқи интернет ба зиёни ҷиддии молиявӣ дучор шуд”.
Гуфта мешавад, “далели барқарор нашудани дастрасӣ ба интернет дар Хоруғ эътимоди аҳолии маҳаллиро ҳам ба мақомот ва ҳам ширкатҳои фароҳамсози интернет коста мегардонад. Хеле ҳайратовар аст, ки провайдерҳо барои хидматҳое, ки айни замон пешниҳод намешаванд, пул мегиранд”.
Ҳамчунин зикр мешавад, ки дастрасӣ ба интернет яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон буда, миллирадҳо нафар дар саросари дунё аз он истифода мекунанд ва он инчунин ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон мебошад.
“Ширкатҳои шумо барои таъмини дастрасии устувори интернет барои муштариён масъуланд. Вобаста ба ин, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки барои барқарор намудани дастрасӣ ба интернет дар тамоми қаламрави ВМКБ бе ягон зарар ба аҳолӣ фавран чораҳои муштарак рӯйи даст гиред.
Мо инчунин аз шумо даъват мекунем, ки хоҳиши одии инсонии моро ҷиҳати дар тамос будан бо оилаҳо ва дӯстонамон дар ин замони душвор дастгирӣ кунед”, - гуфта мешавад дар муроҷиат.
Ёдрас мекунем, ки дастрасӣ ба алоқаи интернет дар вилоят бо сабаби гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ баъди марги сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ҳангоми боздошти ӯ қатъ шуд.
Аҳолӣ кормандони мақомотро ба барқасдона куштани Зиёбеков гунаҳкор дониста, дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният мегӯянд, ӯ дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона кушта шудааст.
Мувофиқи қарордод байни эътирозгарон ва мақомот, тавофуқ ҳосил шуда буд, ки ҳолатҳои марги Зиёбеков дақиқан тафтиш карда мешаванд. Ҳамчунин ҳукумат ба ивази пароканда шудани эътирозгарон ваъда дода буд, ки дастрасӣ ба интернет барқарор мешавад, лекин ба ваъдааш вафо накард.
Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Бортников назвал подрывы пейджеров «Хизбаллы» «прямой угрозой безопасности стран СНГ»
Афиша от «Азия-Плюс»: «Золотое сердце Востока», «Рудаки» и Startupstan Summit 2024
Разговоры о важном. Что нужно внедрять в образовательную программу школьников Таджикистана?
«У меня не было денег»: УМВД Душанбе опубликовало видео с подозреваемым в нападении на таксиста
Таджикистан предоставил таможенные льготы около 50 «наименее развитым странам» мира
Глава ФСБ России: «Исполнителей теракта в "Крокусе" искали в таджикской диаспоре»
Завершился четвертый тур Акции «Интиқоли бурднок 2024» и разыграны 180 тысяч сомони
Дзюдоист Мухиддин Асадуллоев принес Таджикистану вторую медаль на ЧМ-2024
100 лет со дня рождения первой женщины-доктора философских наук Центральной Азии
Неэффективные льготы и контрабанда. Названы барьеры, которые мешают Таджикистану зарабатывать
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста