Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 94,8 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ин миқдор 2,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст, ки он замон ҳаҷми умумии кумак дар ифодаи пулӣ ҳудуди 45,2 млн долларро ташкил дода буд.
Дар зарфи 11 моҳи соли равон вазни умумии кумаки расида андаке бештар аз 28,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта он ба каме бештар аз 19,2 ҳазор тонна баробар буд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон аз 61 кишвари саросари дунё кумак дастрас намуд, ки 1 кишвар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Кишвари асосии мададрасони Тоҷикистон чун дар соли гузашта Чин боқӣ мемонад, ки дар зарфи 11 моҳ ба ҷумҳурии мо ба маблағи 35,2 млн доллар кумак кардааст.
Ҳиссаи Чин дар маблағи умумии кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон дастрасшуда 30,7%-ро ташкил медиҳад.
Байни кишварҳои мададрасон вазни қиёсии бештар аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба ИМА – 16,7%, Русия – 10,5%, Ҳиндустон– 5,7%, Ҷопон – 5,2%, Ҷумҳурии Корея – 4,8%, Туркия – 3,7%, Қазоқистон – 4,0%, Ӯзбекистон – 3,1%, Нидерланд – 2,2%, Олмон – 1,8%, Италия ва Белгия - 1,2%-ӣ, Швейтсария – 1,0% ва дигар кишварҳо рост меояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Хлопушки снова взрываются. Напоминаем, какое наказание за их ввоз предусмотрено в Таджикистане
В Таджикистане усилят контроль над водопользованием
Милиция Душанбе раскрыла серию краж из автомобилей
Искусство как бизнес. Как сын таджикского художника превратил картины отца в успешный проект
Глава Минкультуры Казахстана прокомментировала уголовные дела против руководителей КазТАГ и Orda.kz
Форум «Цифровой театр»: в Душанбе показали, как бороться с цифровым насилием
Три таджикских специалиста прошли обучение в Академии Международной федерации дзюдо
«Эсхата Банк» запустил сервис переводов на карты UnionPay в Китае
В душанбинском цирке впервые выступят артисты из Италии
Редактор «Азия-Плюс» стал лауреатом премии «За активную гражданскую позицию в журналистике»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста