Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 674 духтур намерасад ва бахши тандурустии кишвар ба ин мутахассисон ниёз дорад. Аммо Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки ин мушкил танҳо хости Тоҷикистон нест ва дар тамоми дунё ба назар мерасад.
Ин изҳороти вазир дар ҳолест, ки дар чанд вақти охир фирори хонаводагии духтурони тоҷик ба Русия сари забонҳост ва ҳамагон ин мушкилро яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон медонанд.
Ба гуфтаи вазир дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 180 пизиш ва корманди миёнаи тиб намерасад. Дар вилояти Хатлон шумораи пизишконе, ки ниёз аст 120 нафар будааст ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 128 духтуру корманди миёна тиб ниёз доштаанд.
Дар Душанбе ҳам 115 пизишк намерасад ва дар ВМКБ ҳамагӣ ба 11 пизишк ниёз доштаанду халос.
Вазир яке аз сабабҳои тарки кор ва ё ба муҳоҷират рафтани табибонро имтиёзҳои хосе донист, ки кишварҳои дигар барои табибон пешниҳод мекунанд. Абдуллозода аз давлати хосе ном набурд ва танҳо гуфт, "баъзе аз кишварҳо талош доранд, барои ҷалби пизишкон барномаҳои боимтиёз пешниҳод кунанд". Як сабаби дигари аз Тоҷикистон рафтани пизишкон, ба гуфтаи вазири тандурустӣ, "баланд бардоштани касбият" будааст.
Ҳамчунин вазир гуфт, ки дар соли гузашта 109 нафар ба нафақа рафтаанд, 54 нафар табиб ва 78 тан корманди миёнаи тиб фавтиданд, ки ин ҳам яке аз далелҳои дигари норасоии кадрӣ шудааст.
"Чизи дигар ин ки барои баланд бардоштани касбияти тиббӣ ва омӯзишӣ истифодаи дастгоҳҳои мусосири тиббӣ низ мутахассисон ба хориҷ мераванд. Бештари онҳо кабиятро меомӯзанду меоянду дар кишвар корашонро идома медиҳанд. Танҳо дар соли 2021 140 духтур ва корманди миёнаи тиб аз хориҷ баргашта дар кишвар корашонро идома дода истодаанд",-гуфт вазир.
Ҷамолиддин Абдуллозода мегӯяд, ки онҳо барои тарки кор накардани табибони ҷавон бо ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд ва барои онҳо имтиёзҳо, аз ҷумла замину хона дар назар мегиранд.
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар фаъолият дорад. Аз ҷумла 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб кор мекунанд.
Соли 2020 мақомот аз камбуди беш аз 6 ҳазор духтуру парастор дар кишвар хабар дода буданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар моҳи декабри соли 2021 гуфт, дар 30 соли ахир дар кишвар 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.