Аз ҳафтаи оянда, 2 май ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумори парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато ва бозпас аз он ҷо зиёд карда, акнун дар як ҳафта ба ин самт ду парвоз анҷом медиҳад.
Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, парвозҳо рӯзҳои душанбе ва чоршанбе иҷро карда мешаванд.
“Рӯзҳои душанбе вақти парвоз аз Душанбе - соати 11:30, аз Алмато ба Душанбе - соати 15:35; рӯзҳои чоршанбе вақти парвоз аз Душанбе - соати 10:00 ва аз Алмато - соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ”, - зикр мешавад дар хабари ширкат.
Гуфта мешавад, барои парвоз ба Алмато мусофирон бояд маълумотнома (справка)-и ПСР-тестро бо натиҷаи манфии сироят аз COVID-19 (амалкунанда дар давоми 3 шабонарӯз аз замони гирифтани тест то расидан ба Қазоқистон) бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони синни то 5-сола маълумотнома талаб намешавад.
“Дар самти бозпас аз он ҷо ба мусофирони хатсайрҳои “Сомон Эйр” пешниҳод кардани гувоҳномаи пурра ё қисман гузаштан аз ваксингирӣ зидди коронавирус кофист. Агар чунин гувоҳнома набошад, мусофирон бояд маълумотнома (справка)-и тести ПСР бо натиҷаи манфӣ аз COVID-19-ро, ки на дертар аз 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони синни то 5-сола маълумотнома талаб намешавад”, - хабар медиҳад ширкат.
Дар сомонаи расмии ширкати “Сомон Эйр” арзиши билет ба хатсайри Душанбе-Алмато дар рӯзи 2 май 192 евро (2 ҳазору 558 сомонӣ) ва Алмато-Душанбе - 66 евро (879 сомонӣ) зикр шудааст.
Қобили зикр аст, ки то ин дам ҳар ҳафта ширкатҳои “Сомон Эйр” рӯзи чоршанбе ва “Air Astana” - рӯзи якшанбе бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе 1-парвозӣ анҷом медоданд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Агентии авиатсияи гражданӣ, чанде пеш инчунин шумори парвозҳо бо хатсайрҳои Душанбе-Дубай-Душанбе, Душанбе-Истанбул-Душанбе, Душанбе-Тошканд-Душанбе ва Душанбе - шаҳрҳои гуногуни Русия зиёд карда шуд.
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
В Бохтаре планируют построить 80 многоэтажных жилых домов
Zypl.ai: первый стартап из Таджикистана, получивший лицензию в ADGM и принявший участие в программе Hub71
Чем опасны таджикские колдуны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста