Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 дар вилояти Суғд 8 ҳазору 770 шахсони вазнашон аз меъёр зиёд ё гирифтори бемории фарбеҳӣ сабт шудааст.

Тавре ки Sugdnews бо истинод ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода хабар медиҳад, ин нишондиҳанда қариб 3 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2021 аст, ки он замон 5 ҳазору 540 нафар чунин афрод ба қайд гирифта шуда буданд.

“Миёни шахсони сабтшуда 560 нафарашонро кӯдакони синни то 14-сола (соли гузашта - 370 нафар) ташкил медиҳанд, - хабар дод Хайруллозода. - Миёни наврасон 361 нафар аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд”.

Ба гуфтаи сардори Раёсат, шумори умумии аҳолии калонсол, ки ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд ба 7 ҳазору 849 нафар расидааст, ки 2 ҳазору 627 нафар зиётар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

“Соли ҷорӣ теъдоди афроди бори аввал сабтшуда бо вазни аз меъёр зиёд ё гирифтори бемории фарбеҳӣ 1 ҳазору 437 нафарро ташкил дод”, - илова намуд Ҳабибулло Хайруллозода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.