Фурӯши билет ба қатораҳои мусофирбар аз минтақаҳои Тоҷикистон ба Русия оғоз шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.

Ба иттилои манбаъ, билетҳоро аз нуқтаҳои фурӯш (кассаҳо)-и корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” харидан мумкин аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар давоми танҳо як рӯз - 9 август аллакай 200 билет фурӯхта шудааст. 

Нархи билети қатора бо хатсайри Кӯлоб - Волгоград - Кӯлоб 1580 сомонӣ дар вагонҳои платскарт ва 2040 сомонӣ - дар вагонҳои купе муқаррар шудааст. Билет аз Душанбе ба Волгоград каме арзонтар аст: вагони платскарт 1434 сомонӣ ва купе - 1856 сомонӣ.

Арзиши билети қатора аз шаҳри Хуҷанд ба самти Русия ҳоло маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки пас аз танаффуси дусола аввалин қатораи мусофирбар рӯзи 16 август соати 00:10 аз Кӯлоб ва Волгоград раҳсипор мешавад.

Рӯзи 27 август қатора аз Душанбе ба Волгорад ба роҳ баромада, рӯзи 7 сентябр хатсайри қатораи Хуҷанд - Волгоград - Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Қатораҳо ҳафтае як маротиба ба роҳ баромада, вақт дар роҳ вобаста ба нуқтаи сафар, тақрибан аз 2,5 то 3,5 шабонарӯзро дар бар мегирад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон ва Русия аз 17 марти соли 2020 дар робита ба паҳнҳавии коронавирус қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.