Баъди аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин эълон шудани қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиши ин кишвар ба Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя омадани шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд аз сафарбарсозӣ дар канор бошанд, ба назар мерасад.
Имрӯз дар кӯчаҳои Душанбе одамонеро дидан мумкин аст, ки аз сокинони махаллӣ дар бораи манзил, ба қайд гирифтан дар Душанбе ва ҷойҳои иқомати муваққатӣ мепурсанд.
Ба Тоҷикистон омадани теъдоди зиёди русиягиҳо дар партави гароншавии билетҳои ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба гуфтаи бархе аз сокинони пойтахт, рӯзҳои охир ба онҳо шаҳрвандони Русия муроҷиат карда, дархост мекунанд, ки барои дар шаҳр ёфтани хонаи иҷора, меҳмонхона ва хостелҳо (хобгоҳҳо) бо ҷойҳои холӣ ёрӣ расонем.
“Азия-Плюс” бо кормандони чанде аз меҳмонхонаҳо суҳбат кард, то ки воқеият доштани ин маълумотро бисанҷад.
Русиягиҳо барои як муддате омадаанд
Ба гуфтаи аксари намояндагони меҳмонхонаҳои пойтахт, дарвоқеъ ҳам рӯзҳои ахир зиёд муроҷиат намудани русиягиҳо ба мушоҳида мерасад, лекин қариб ҳамаи онҳо ба муддати начандон зиёд омадаанд.
“Аз Русия сайёҳон зиёданд ва воқеан ҷой боқӣ намондааст, - мегӯяд корманди яке аз меҳмонхонаҳои панҷситорадори Душанбе. - На ҳама, вале аксари меҳмонон аз шаҳрҳои Русия омадаанд. Ҷавонон ҳам ҳастанду оилаҳо низ. Баъзеҳо як-ду рӯз ва бархеи дигар то моҳи октябр ҷой гирифтанд”.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз меҳмонхонаи “Серена” хабар доданд, дар ин ҷо низ шаҳрвандони Русия иқомат доранд.
Лекин қисмати асосии онҳо шаҳрвандони Русия нестанд.
“Онҳо он қадр зиёд нестанд, 10-15 нафар, - гуфт корманди меҳмонхона. - Барои 5-6 рӯз ҷой гирифта, сипас шояд ба дигар кишварҳо раванд. Миёни онҳо ҷавонон ҳам ҳастанду оилаҳо бо кӯдакони хурд низ.
Лекин инҳо асосан сайёҳонанд. Ба гумони ғолиб, онҳое, ки чанде пеш аз Русия омадаанд, дар меҳмонхонаҳои 3-ситорадор ҷой мегиранд, ки нархи ҳуҷраҳояш 30-40 доллар аст”.
Меҳмонхонаҳои маъмулӣ серталабанд
Вазъиятро аз кормандони меҳмонхонаҳои маъмулӣ, ки нарх дар онҳо на он қадр баланд аст, низ пурсидем.
“Дар меҳмонхонаи мо ҷой нест, - мегӯянд дар меҳмонхонаи “Атлас”. - Сайёҳон аз дигар кишварҳо ва теъдоди хеле зиёди русиягиҳо ҳастанд. Онҳо асосан то моҳи октябр ҷой мегиранд. Аксарияташон ҷавонони синни то 40-сола мебошанд”.
Корманди меҳмонхонаи Rumi, ки чанде пеш дар Душанбе ба фаъолият оғоз намуд, изҳор дошт, ки ҳамаи ҳуҷраҳои меҳмонхона банд аст.
Дар хостелҳои пойтахт, аз ҷумла дар City Hostel Dushanbe ё хостели «Hello, Dushanbe» ҷой нест. Ин ҷойҳоро русиягиҳо ба сифати макони иқоматӣ муваққатӣ барои ба дигар кишварҳо рафтан интихоб мекунанд.
Шаҳрвандони Русия хонаҳоро шабонарӯзӣ ҳам ба иҷора мегиранд. Дар ин кор ба онҳо тоҷикистониёни меҳмоннавоз кумак мекунанд.