Зимни кори ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия дар Душанбе зикр шуд, ки дар соли хониши 2023/2024 шумори квотаҳо ба ҷавонон аз Тоҷикистон барои таҳсил дар макотиби олии Русия 902 ададро ташкил медиҳад.
Тавре ки Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия хабар медиҳад, ҷонибҳо корҳои таъмини қабули шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар соли хониши 2022/2023 дар макотиби олии Русияро дар ҳадди квотаҳои муқаррарнамудаи ҳукумати Русия мусбат арзёбӣ намудаанд.
Зикр шуд, ки имсол ҳукумати Русия барои довталабон аз Тоҷикистон 750 квота ҷудо карда буд. Дар муқоиса бо соли хониши гузашта шумори квотаҳо 105 адад зиёд шуд.
“Ихтисос ва самтҳои писандидаи омодагӣ барои донишҷӯёни тоҷик иқтисод, муносибатҳои байнулмилалӣ, муҳандисии барномавӣ, кори муолиҷавӣ ва менеҷмент мебошанд”, - иттилоъ медиҳад ин ниҳод.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа инчунин ба масоили муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир шуда, муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук изҳор доштааст, ки айни замон корҳо рӯйи таҳияи “замимаи мобилӣ” ҷиҳати кумак ба муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи кор, иҷрои ҳама расмиёти зарурӣ, дастрасӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ ҷараён дорад.
“Ҳамчунин роҳандозии як сервисе дар назар аст, ки тариқи онлайн ба дарёфти маълумоти муътамад дар бораи маҳдудиятҳо ба вуруди шаҳрвандон имкон медиҳад”, - гуфтааст Алексей Оверчук.
Вне игры: Как Илон Маск исчез с политической арены США
Из-за чего вашего ребенка могут забрать из семьи в специальное учреждение?
Посол Франции в Таджикистане: «Мы – Мировой океан»
Некоторых детей мигрантов в России освободили от экзамена по русскому языку
Трамп пригрозил Apple 25% пошлиной, если iPhone не будут делать в США
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Налоговый шок, трагедия в детсаду и интернет для гор
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 мая 2025 года
Иностранцам в Кыргызстане дали срок - легализоваться до 10 июня
В Лондоне открылся фонд «Гулрухсор» для поддержки жертв насилия в Таджикистане
Макс Касымов: человек-праздник, который живет творчеством
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста