Имрӯз, 9-уми декабр, 10 нафар довталаби беҳтарини сол, ки барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар холҳои баландтаринро ба даст оварда буданд, аз ҷониби Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар Душанбе қадрдонӣ шуданд.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори ММТ, дар ин чорабинӣ гуфт, ин 10 нафар ҷоизагирандагон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, аз ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо 2 – нафарӣ, интихоб карда шуданд.
“Ин 10 нафар дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои худ аз ҳамаи 4 фанни имтиҳонӣ холҳои баландтарини муқарраршударо соҳиб шудаанд”, - афзуд ӯ.
Дар чорабинӣ довталаби беҳтарини соли 2022 Гулҳаё Кавракова, хатмкардаи МТМУ №110-и шаҳри Ваҳдат, ки бо ба даст овардани баландтарин хол ба Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон дохил шудааст, эълон гардид.

Ӯ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз фанни забони тоҷикӣ – 39 биология – 40, химия – 40 ва физика – 40 хол ба даст овардааст, ки дар умум баландтарин холи бадастомада дар соли 2022 дониста мешавад.
Дар ҷойи дуюм Меҳрангези Фаромарз, хатмкардаи МТМУ №54-и ноҳия Рӯдакӣ эълон гардид. Ӯ низ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шудааст.
Афсунмеҳр Раҳимзода, хатмкардаи МТМУ №2-и ноҳияи Айнӣ дар ин зина ҷои сеюмро ба даст оварда, ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст.
Ҳамин тавр, дар даҳгонаи беҳтарин Амирхӯҷа Олимов – донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Амина Бахтиёрзода - донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Хусейнҷон Шодизода – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нилуфар Насруллоева – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Насиба Аҳмедова- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Басона Олимова – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Амирҷон Юсупов – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардидаанд.

Дар ин баробар, Марказ ба муносибати “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 - 17 нафар беҳтарин довталабонеро, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба даст овардаанд, қадрдонӣ кард.
Аз инҳо 14 нафарашон ба гурӯхи ихтисосҳои 5-ум – “Тиб, биология ва варзиш” мансуб буда, холҳои баландтарини муқарраршударо аз 3 субтести фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ - биология, химия ва физика ба даст овардаанд. Ду нафари дигар аз ин номина ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум дохил мешаванд ва 1 нафар мансуб ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм аст.
Дар маросими имсолаи тӯҳфасупорӣ 27 нафар беҳтаринҳо, ки аз байни қариб 69 000 нафар довталаби дар ИМД-2022 интихоб шудаанд, бо хадяҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестӣ аз соли 2018 ба ин тараф довталабони беҳтаринро, ки дар ИМД аз рӯйи дастовардҳо - холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал карор гирифтаанд, муайян ва қадрдонӣ мекунад.




«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста