Баъди тақрибан се соли қатъи парвоз бо Чин дар пайи хуруҷи бемории COVID-19, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 8-уми феврал парвози мустақимро аз Душанбе ба шаҳри Урумчии Чин дубора оғоз мекунад. Дар ин бора Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати “Сомон-Эйр” имрӯз, 1-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, аввал ду павоз дар як ҳафта - як парвоз аз тарафи "Сомон Эйр" ва як парвоз аз тарафи ширкати чинӣ анҷом дода шуда, интизор меравад моҳи март шумораи парвозҳо бештар карда шавад.
Абдулқосим Валиев гуфт, талаботи аҳолии Тоҷикистон барои парвозҳо бо Чин дар як ҳафта 6 парвоз (3 парвоз аз Тоҷикистон ва 3-тои дигар аз Чин) аст ва онҳо кӯшиш мекунанд ин ҳама барқарор шавад.
"Дар назар аст, ки дар моҳҳои феврал ва март парвозҳои мустақим ба Исломобод оғоз гардад ва худи ҳамин рӯз мо посухи ҷониби Арабистони Саудиро дар робита ба парвози мустақим ба ин самт интизорем. Дар сурати тасдиқ ёфтан, аз Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Хуҷанд ба Арабистони Саудӣ на кам аз 3 павроз дар як ҳафта ба нақша гирифта шудааст",- гуфт Абдулқосим Валиев.
Парвозҳо дар самти "Душанбе-Урумчи" баъд аз он фаъол мешавад, ки Чин маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19-ро бекор кард. Тақрибан се сол пеш дар пасманзари хуруҷи бемории коронавирус Чин ва Тоҷикистон парвозҳои мустақимро ба кишварҳои якдигар қатъ карда буданд.

Парвози мустақим аз Душанбе ба Тифлису Бокуву Лондон
Дар нишасти матбуотии имрӯза, Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 9-уми апрели соли 2023 дар масири Душанбе-Тифлис ва моҳи майи соли равон парвози мустақим аз Душанбе ба Боку анҷом дода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, тасмими барқарор кардани парвози мустақим аз Душанбе ба Тифлис аз сӯи Гурҷистон пешниҳод гардид.
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, масълаи ҳуҷҷатгузорӣ барои парвози мустақим бо Боку бо ширкати “Азар”-и Озорбойҷон аллакай, мувофиқа шудааст.

“Дар назар аст, ки бо Британияи Кабир низ парвозҳои мустақим оғоз шавад. Охир моҳи март созишнома бо ин кишвар дар пайи як сафари расмӣ ба имзо мерасад. Мо аллакай, таъиноти масири Лондонро додем. Аз рӯи талаботи бозор ширкатҳо метавонанд, ки парвоз кунанд”, - илова кард Дилшод Сафарзода.
Ӯ дар робита ба имзои созишнома бо дигар кишвар ва то ҳол оғоз нагардидани парвозҳо гуфт, ҳарчанд созишномаҳо барвақттар ба имзо мерасанд, вале барқароркунии парвоз ба ширктаҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва он кишварҳо вобаст аст.
“Аз ҷониби мо ҳамаи шароитҳо муҳайё аст”,- гуфт ӯ.
Қаблан, Тоҷикистон барои парвози мустақим бо чанде аз кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Малайзия, Умон ва дигар давлатҳо созишнома ба имзо расонида буд.




В Узбекистане изъяли 32 кг ввезенных из Таджикистана наркотиков
Рамзан Кадыров назначил своего 20-летнего сына Ахмата на должность вице-премьера Чечни
Хлопок начал дорожать на мировом рынке после длительного периода снижения цен
«Имон Интернешнл» объявляет о беспрецедентном снижении кредитных ставок — до -8%
Таджикистан занял 89-е место в мировом Индексе безопасности женщин
Золотые слитки Нацбанка Таджикистана в 2025 году подорожали почти на 40%
В Нью-Йорке прошло первое судебное заседание по делу Николаса Мадуро. Лидер Венесуэлы заявил о своей невиновности
Таджикистан и Узбекистан создадут мультимодальный коридор между Китаем и Европой
В Душанбе задержали подозреваемого в мошенничестве лже-тренера по футболу
Независимый аудитор проверил Рогунскую ГЭС: есть проблемы и риски
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста