Китоби нави Хуршед Атовулло, журналист ва нависандаи шинохтаи тоҷик зери номи “Ривояти дарвеш” дар Душанбе аз чоп баромад. Дар ин бора Рӯзибойи Умар, муҳаррири ин маҷмаа ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар китоб маҷмӯи ҳикояҳои давраи ҷавонии Хуршед Атовулло ҷамъ оварда шудаанд ва ба муносибати 50-солагии муаллиф пешкаши хонанда мегардад.

“Дар китоби “Ривояти дарвеш”, ба фарқ аз дигар китобҳои устод Хуршед Атовулло, ки омехтаи матолиби журналистӣ, публистистӣ-бадеӣ ва таронаҳо буд, танҳо ҳикояҳои дар солҳои ҷавонӣ навиштаашон гулчин карда шудааст”, - гуфт муҳаррири маҷмаа.

Рӯзибойи Умар афзуд, ки ин ҳикояҳо бештар мавзӯҳои лирикӣ, ишқӣ ва иҷтимоиро фаро гирифта, бозгӯи рӯҳияи ҷавонии муаллиф аст.

Китоб аз 112 саҳифа иборат буда, дар он ҳикояҳои кӯтоҳе чун “Қиссае дар дараи хомӯш”, “Рашки маҳтоб”, “Ривояти дарвеш”, “Рози маҷнунбед”, “Гули зардолу”, “Рози дил”, “Кулбае дар дашт”, “Марди танҳо” ба табъ расидаанд.

Акс аз Бахтиёр Раҳматуллоев

Гуфтан ба маврид аст, ки Хуршед Атовулло аз зумраи журналистони маъруфи замони истиқлоли Тоҷикистон буда, ҳоло директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) аст. МТЖТ муассиси ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва Агентии иттилоотии “Суғд-нюс” мебошад.

Бояд гуфт, Хуршед Атовулло аз синни шонздаҳсолагӣ дар журналистика ва адабиёти тоҷик қаламфарсоӣ мекунад. Мавсуф муаллифи китобҳои “Зиндони зиндагӣ”, “Шабчароғи ёд”, “Пайванди пайкараҳо”, “Марги журналист”, “Хунро бо хун мешӯянд”, “Тӯмори андӯҳ”,  “Санге ба гӯри Лайлӣ” ва “Гули ишқ ва зодаи ашк” мебошад.

Дар асоси асари “Марги журналист”, ки қиссаи детективӣ мебошад, филм низ бардошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Атовулло узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳаст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.