Имрӯз, 8-уми июн, амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон меояд ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калонтарин масҷиди Тоҷикистонро ифтитоҳ мекунанд.
Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пеш аз намози асри имрӯз, 8-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ масҷиди навбунёдро расман ифтитоҳ мекунанд.
“Пас аз кушодашавӣ ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар масҷиди нав намоз мегузоранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Сафари амири Қатар дар Тоҷикистон ду рӯз идома мекунад.
Дар робита ба ин сафар, рӯзҳои 8-9-июн ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе маҳдуд карда мешавад.
Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, дар робита ба ташрифи амири давлати Қатар рӯзҳои 8-9-уми июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар соатҳои муайяншуда, тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, хиёбонҳои А. Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ, Х.Шерозӣ ва кӯчаи Карамов муваққатан манъ карда мешавад.
“Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо воситаҳои наклиёти хешро дар зери биноҳои баландошёна, зери аломатҳои роҳи манъкунанда ва қисман мошингарди роҳ нагузоранд ва аз кӯчаҳои ҳамшафати роҳи Дӯстии халқҳо, Саъдии Шерозӣ, Назаршоев, Нисорӣ Муҳаммад, кӯчаи Сино, Ҷ.Расулов, Алишер Навоӣ ва Н.Қарабоев ҳаракат намоянд”, - гуфт Шакурӣ.
Ёдовар мешавем, ки амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Миёна, қабл аз ташрифаш ба Тоҷикистон, ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сафар дошт.
Житель Канибадама убил мать, ударив ее ножом более 135 раз
Казахстан предлагает Таджикистану скидки на железнодорожные грузоперевозки
Таджикистан хочет подключиться к телекоммуникационным сетям Китая: специалисты опасаются блокировок
Хавьер Милей вступил в должность президента Аргентины и обещал стране шоковую терапию
26 таджикистанцев были спасены от замерзания на казахстанской трассе
Три члена одной семьи погибли от угарного газа в Душанбе
Завтра в Таджикистане ожидаются осадки и понижение температуры
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 декабря 2023 года
Круассаны, багеты и пироги. Топ популярных пекарен в Душанбе
Гуштингири – таджикский брат самбо. Или что связывает Акмалиддина Каримова и Хабиба Нурмагомедова?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста