Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ чанд табибу ҳамшираи тиб ба муҳоҷират рафтанд ва чаро, маоши табибон чанд аст ва чанд духтур боздошт шудааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода, ки имрӯз, 9-уми август, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, айни ҳол дар Тоҷикистон 2 ҳазору 298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасанд.

Ӯ мушаххасан иттилоъ дод, ки дар кадом минтақаи кишвар чанд нафар табиб ва ҳамшираи тиб намерасад:

- дар шаҳри Душанбе 49 табиб ва 39 ҳамшираи тиббӣ;

- дар вилояти Хатлон 778 табиб намерасад. Муассисаҳои тиббии ин вилоят пурра бо ҳамшираи тиб таъмин будаанд;

- дар вилояти Суғд 579 табиб ва 54 ҳамшираи тиб;

- дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 412 табиб ва 319 ҳамшираи тиб;

- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 23 табиб ва 6 ҳамшираи тиб;

- дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 149 табиб ва 67 ҳамшираи тиб;

- дар дигар вазорату идораҳо  153 табиб ва 105 ҳамшираи тиб намерасад.

Дар омори пешниҳодкардаи вазири тандурустӣ низ баъзе номувофиқатиҳо мушодиҳа мешавад. Масалан, ҷамъи арқоми норасоии табибон аз рӯйи минтақа 155 (2143)  нафар камтар аз омори умумӣ буда, омори ҳамшираи тиб 15 (590) бештар аз омори умумӣ мебошад.

Ба қавли Ҷамолиддин Абдуллозода сабаби асосии норасоии кормандони тиб дар кишвар аз ҷониби донишҷӯён интихоб нашудани ихтисосҳое мисли соҳаи наркология, рентеген, психотрепия ва тибби оилавӣ мебошад.

Ба гуфтаи вазир, масъулини вазорат барои интихоби ихтисос ҳаққи маҷбур кардани донишҷӯёнеро надоранд, ки тариқи шартномавӣ донишгоҳро хатм мекунанд.

“Норасоии кормандони тиб хоси танҳо Тоҷикистон набуда, ин мушкили тамоми кишварҳои ҷаҳон аст. Мувофиқи пешгӯиҳо солҳои наздик дар тамоми дунё норасоии кадрӣ дида мешавад. Масалан, мутахасисон аз Русия ба давлатҳои Аврупо рафта, фаъолият мекунанд”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар ҳамин ҳол, зикр кардан лозим аст, ки таҳлили омори пешниҳодкардаи Ҷамолиддин Абдуллозода коҳиши батадриҷи норасоии кормандони тиб дар кишварро нишон медиҳад.

Масалан, моҳи июли соли 2022 Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки дар кишвар 3024 табиб ва 1701 ҳамшираи тиб намерасад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ моҳи феврали соли 2023 иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон 2,5 ҳазор табиб ва беш аз 600 ҳамшираи тиб намерасад.

Ҷамолиддин Абдуллозода
Акс аз Маркази матбуоти Вазорати оандурустӣ

Чанд корманди тиб ба муҳоҷират рафт ва сабабаш чист?

Ба иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода дар 6 моҳи соли 2023 аз кишвар 70 табиб ва 343 ҳамшираи тиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Ин нишондиҳанда ҳам нисбат ба соли пеш поён шудааст. Соли 2022 аз Тоҷикистон 548 табиб ва 1187 корманди тиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд.

Дар 6 моҳи соли равон 72 табиб ва 51 ҳамшираи тиб аз дигар давлатҳо баргашта, фаъолияти худро дар Тоҷикистон давом дода истодаанд.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ, сабаби тарки соҳа кардани табибон пеш аз ҳама такмили ихтисос дар хориҷи кишвар аз ҷониби онҳо ва пешниҳоди имтиёзҳои кишвари қабулкунанда, аз ҷумла додани хона, маоши зиёд ва имтиёзҳо ба фарзандони онҳо аст.

Ба гуфтаи вай, аксари ҳамшираҳои тиб ба хориҷи кишвар на барои кор, балки назди шавҳарони худ мераванд.

Ӯ дар нишасти матбуотии соли гузашта низ сабаби тарки соҳа кардани табибонро чунин арзёбӣ карда буд.

Номбурда афзуд, ки маош на ҳамеша сабаби тарки соҳа кардани табибон аст, чунки агар фаъолияти табиб хуб бошад, сатҳи баланди касбӣ бошад, дар бораи музди маош фикр намекунад.

“Хушбахтона, ҳар сол аз ҷониби ҳукумат то 20 дарсад музди маоши соҳаи тандурустӣ зиёд гардида истодааст. Ва ин чиз давом дорад”, - гуфт ӯ.

Худи табибон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосии аз кор рафтани пизишкони тоҷик кам будани маош аст.

Маоши пасттарин дар байни кишварҳои ОМ

Дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон, вазири тандурустӣ гуфта буд, ки баъзе табибоне ҳастанд, ки то 3,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Ӯ афзуда буд, маоши ҳамшираи тиб ба навбатдорӣ вобаста аст ва аз 1,5 ҳазор сомонӣ сар мешавад ва то 3-3,5 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Ҷамолиддин Абдуллозода барои пешгирии рафтани табибон ба хориҷи кишвар гуфт буд, ки “ба тамоми раисону шаҳру навоҳӣ супориш дода шудааст, кормандони тандурустӣ ва маорифро ҳавасманд кунанд, махсусан бо таъмин кардани онҳо ба замин”.

Тибқи омори расмӣ, имрӯз маоши миёнаи табибон дар Тоҷикистон 1550 сомонӣ ё 142 доллари ИМА аст, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин ба ҳисоб меравад.

Табибони тоҷик аз ҳисоби даромади хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ ба ҳисоби миёна аз 400 то 1500 сомонӣ иловапулӣ мегиранд.

Чанд нафар бо кор таъмин шуданд?

Ҷамолиддин Абдуллозода афзуд, дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар соли таҳсили 2023 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро 1639 донишҷӯй, Донишгоҳи давлатии Хатлонро 366 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 344 нафар ва дар маҷмӯъ, донишгоҳҳои олии соҳаи тандурустиро 2349 нафар хатм карданд.

“Баъди хатми донишгоҳҳо онҳо роҳхат гирифта, дар интернатура ва орденатура роҳхат гирифтанд. Аз ҳисоби донишҷӯёне, ки соли таҳсили соли 2020-2021-ро хатм карданд, баъди хатми  интернатура 505 нафар ва аз ҳисоби орденатура 34 нафар, аз ҳисоби хатмкунандагони шартномавӣ 211 нафар ба кор таъмин карда шуданд. Имрӯз дар донишгоҳҳои олӣ зиёда аз 20 ҳазор ва дар колеҷҳои тиббӣ беш аз 61 ҳазор нафар таҳсил мекунанд”, - гуфт вазири тандурустӣ.

Ӯ изҳори боварӣ кард, ки дар солҳои наздик ба пуррагӣ норасоии кадрӣ дар ин соҳа ҳалли худро меёбад.

Қонуншикании беш аз 40 духтур

Вазири тандурустӣ гуфт, дар шаш моҳи соли равон 41 корманди соҳаи тиб барои қонуншиканӣ боздошт ва бар зидди онҳо 63 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

“Дар ин давра, аз ҷониби кормандони соҳаи тиб 117 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 42 адад камтар мебошад. Ин мушкилиҳо зинда ба зина ҳалли худро меёбад. Инро шикояти шаҳрвандон низ собит мекунад. Агар дар 6 моҳи соли 2023 44 ҳолати шикояти аҳолӣ аз болои табибон расида бошад, дар нимсолаи соли 2022 ин рақам  57 ҳолат буд”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.