Рӯзҳои наздик дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ба амал омадани ҳодисаҳои тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора бо истинод ба обуҳавошиносон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯз дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф ва туман дар назар буда, ҳарорат рӯзона 9-14 ва дар кӯҳҳо 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва рӯзона бидуни боришот ва туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона то 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна вазъи обуҳаво дар назар буда, танҳо ҳарорат поинтар аст. Дар Хуҷанд баъзан борон борида, туман мефарояд. Ҳарорат рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд борону барф борида, ҳарорат дар водиҳои минтақаи шимоли кишвар рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон низ боришот пешбинӣ шудааст. Дар Бохтар баъзан борон борида, ҳарорат 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар тамоми қаламрави вилоят борону туман пешбинӣ гардида, ҳарорат дар минтақа рӯзона то 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хоруғ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад. Ба ҷуз Дарвоз (борон дар назар аст), дар ВМКБ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 6-11 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят - 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳавои нисбатан гарм ва боридани борон метавонанд ба ҳодисаҳои фаромадани тарма боис гарданд.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Бачаҳоро таҳти назорати махсус гирифта, онҳоро беназорат нагузоред.
“Ронандагоне, ки худро ба сафарҳои дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода мекунанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, КҲФ, ВКД ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд. Қабл аз сафар мошинoҳои худро санҷанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз намоянд”, - тавсия медиҳад Кумита.
Ҳамчунин ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, аксари садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз ба сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо рух медиҳанд. Риояи фосилаи байни мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ як гарави саломат расидан ба манзил аст.
Какие проверки проходят водители автобусов в Таджикистане перед тем, как выйти в рейс?
Генпрокуроры Таджикистана и Турции обсудили задержание и экстрадицию таджикских граждан, находящихся в розыске
Синоптики: Завтра Таджикистан накроет пыльная буря
ЕБРР предоставляет банку «Арванд» кредит в размере $10 миллионов
Первый рейс по маршруту Душанбе – Тбилиси запланирован на 22 мая
Таджикские дальнобойщики в ожидании нового порядка перевозок через Узбекистан. Объясняем, почему он пока не работает
В Уголовный кодекс Таджикистана добавили статью о колдунах и гадалках
В Таджикистане завершается весенний сев, но чувствуется дефицит воды
Сколько таджикистанцев въехало в Россию в первом квартале 2024 года?
В Таджикистане запретили «Идгардак», носить чуждую национальную одежду и встречать паломников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста