Иқбол Зарифзода, донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар бинои сохтмонаш нотамоми хобгоҳи донишгоҳ худкушӣ кардааст. Ҳодиса шаби 15-уми март рух додааст.
Заррина Ахмедова, муовини декани факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷавони марҳум Иқбол Зарифзода ном дошта, бар асарӣ беморӣ фавтидааст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, рух додани ҳодисаи худкушӣ дар хобгоҳи ДДХ-ро тасдиқ карда, гуфт, ҳодисаи худкушии донишҷӯ шаби 14-15-уми март рух додаааст.
Як манбаъ аз ДДХ ба “Азия-Плюс” гуфт, марҳум донишҷӯйи соли 2-юми факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ ва сокини ноҳияи Мастчоҳ буда, бемории рӯҳӣ дошт.
“Масъулини хобгоҳ гумон мекунанд, ки ҷавон аз хобгоҳ баромада рафтааст, аммо тариқи таҳлили наворҳои камераҳои назоратӣ маълум мешавад, ки ҷавон ба хобгоҳи сохтмонаш нотамом рафта, дар ошёнаҳои иловагии хобгоҳи № 9 бо роҳи худовезӣ риштаи умрашро кандааст”, - гуфт ин манбаъ.
Бояд гуфт, ки ин дуввумин ҳодисаи марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст. Шаби 15-уми март Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, аз дасти шавҳараш кушта шуд.
Сатторова ҳам донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории ДДХ буд. Масъулини ин факулта зикр карданд, ки шавҳари Фотима Сатторова бемории рӯҳӣ дошт.
Ёдовар мешавем, ки даст ба худкушӣ задани донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар шимоли кишвар ҳодисаи нав нест. Аз ин пештар М. А. хонандаи синфи 9-уми мактаби №22-и деҳаи Кӯҳандижи ҷамоати деҳорти Зарҳалол шаҳри Истаравшан низ даст ба худкушӣ зада буд.
Масъулини маориф ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят сабабҳои худкуширо миёни сокинон бештар ба касалиҳои рӯҳӣ, шароити вазнини оилавӣ, муноқишаҳои оилавӣ рабт медиҳанд.




Какие дороги построят в Таджикистане в 2026 году?
Мадуро с женой предстанут перед судом в Нью-Йорке
Рустам Ятимов стал игроком года в кубковом турнире России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 января 2026 года
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2025 год
Самые яркие цитаты 2025 года: от низких тарифов на воду до греховного ботокса
Два клуба высшей лиги Таджикистана сменили главных тренеров
Зарплата от 60 до 200 тысяч рублей. Власти предлагают рабочие места таджикским мигрантам в России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 января 2026 года
Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста