Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Черногория дар соли 2025 даъват кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як эълон дар саҳифаи фейсбукаш гуфтааст, кор дар Черногория сохтмони роҳи мошин аст. Музди маош ба кормандон вобаста ба ихтисос аз 1000 евро бештар пардохт шуда, бар илова корфармо ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ ва корти нақлиёт медиҳад. Аммо чипта ва раводидро шаҳрванд бояд худаш дастрас кунад.
Аз Хадамоти муҳоҷират ба “Азия-Плюс” хабар доданд, озмун барои интихоби нафароне, ки ба муҳоҷирати корӣ фиристода мешаванд, моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад.
“Озмун бо иштироки намояндагони ширкати корфармо гузаронида шуда, рӯйхати муҳоҷирони корӣ тартиб дода мешавад”, - зикр карданд дар Хадамоти муҳоҷират.
Ба таъкиди манбаъ, феълан танҳо онҳое, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд худро номнавис кунанд.
Хадамоти муҳоҷират навиштааст, ки барои маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 дар тамос шавед.
Бояд гуфт, ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ аст.
Чанд рӯз пеш созишномаи ниҳоии ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд. Барои донистани он ки чӣ гуна бояд ба Корея рафт ва ба куҷо муроҷиат кард, дар ин матлаби мо “Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?” хонед.




Хранитель Сиёмы. Какой он, отшельник Иван Брагин?
Apple и Google заявили о возможных хакерских атаках на пользователей в Центральной Азии
Служба связи Таджикистана предупредила о мошеннических звонках от имени мобильных операторов
Таджикистан и ООН обсудили разработку новой программы сотрудничества по устойчивому развитию на 2027–2030 годы
В Таджикистане выросло число ищущих работу: вакансий меньше, чем желающих трудоустроиться
2,7 млрд человек получили доступ к воде, но ухудшение экосистем ставит под угрозу достигнутый прогресс, — доклад АБР
Таджикские дети, вернувшиеся с войны, снова учатся мечтать
В Раште молодожены погибли от отравления угарным газом
Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста