Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангиву фароғатии нав дар майдони 50 га замин сохта ба истифода мешавад. Ҳоло замини сохтмон ва лоиҳаи анговарии боғ омода буда, дар баррасӣ аст. Дар ин бора Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳр зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, ки Бохтар ҳамчун маркази маъмурии вилоят ба як боғи фарҳангию фароғатии замонавӣ ниёз дорад ва дар он шакле, ки ҳоло боғи фарҳангӣ ҳаст, ба талабот ҷавобгу нест.
“Ҳамагон медонем, ки ҳанӯз солҳои 2012-2013 масъалаи сохтмони ин боғ шуруъ шуда буд. Мутаасифона, бо сабабҳои гуногун то ба имрӯз оғоз нашуд. Чанд рӯз қабл лоиҳаи ангоравии Боғи фарҳангию фароғатии нав аз тарафи соҳибкорон дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷиашон ва н пешниҳод шуд”,- гуфт раиси шаҳр.
Раиси шаҳр дар идома гуфт, дар дохили боғ мувофиқи лоиҳа “Хонаи ош”, “Хонаи ақди никоҳ” бо тамоми шароит сохта мешавад.
Ӯ гуфт, замине, ки барои сохтмони боғ ба нақша гирифта шудааст, ба категорияи заминҳои кишоварзӣ дохил мешавад ва иҷозат додани сохтмон дар чунин заминҳо салоҳияти ҳукумати кишвар аст. Дар оянда ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.
Боғи фарҳагии имрӯзаи шаҳр дар маркази шаҳр фаъолият дорад масоҳаташ хурд буда, ба гуфтаи мақомот, талаботи сокинони шаҳро қонеъ намекунад. Чанд сол қабл дар як қисмати ин боғ бинои нави театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов сохта шуд.




Вдохновляющая красота Таджикистана: 7 причин посетить эту страну
Таджикистан нарастил импорт древесины. Крупнейший поставщик — Россия
Эмомали Рахмон: «Мир и доверие — ключ к решению глобальных угроз и развитию»
Яркая, чувственная Saya Musa на Tarona Music Award 2025!
Какие футбольные клубы в Таджикистане самые популярные?
В Узбекистане осудили преступную группу, торговавшую человеческими органами
Когда виртуальное становится реальным: в Таджикистане обсудили вопрос защиты девочек от гендерного насилия в Интернете
Леса уходят, и природные катастрофы в Таджикистане становятся ближе
«Эсхата Банк» стал лауреатом награды Европейского банка реконструкции и развития
В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста