Аз 1 то 10-уми июл имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар баргузор мешаванд. То фаро расидани ин марҳилаи барои довталабон сарнавиштсоз рӯзҳои башумор мондааст. Дар ин матлаб мо кӯшиш кардем, ки роҳҳои дар фурсати кӯтоҳ ба имтиҳонҳо омода шудан ва қоидаҳои муҳими пеш аз имтиҳонро, ки барои довталаб судманд хоҳанд буд, гирд оварем.

Албатта, беҳтарин роҳи омодагӣ мутолиаи пайваста аст, вале усулҳое низ ҳастанд, ки барои дар фурсати кутоҳ дар хотир гирифтани маълумот кумак мекунанд.

 

Тақсими вақт

Метавонед рӯзро ба се қисм тақсим кунед: субҳ, нисфирӯзӣ ва шом. Махсусан, субҳ фурсати беҳтарини мутолиа аст, зеро зеҳн тоза буда, барои қабули маълумот имконияти бештар дорад ва қобилияти тамаркуз ва таҳлили маълумот низ дар авҷи худ аст.

Беҳтар аст, ки дар ҳар қисмати рӯз 1-1,5 соат ҷудо карда, ба як фан ё бахши имтиҳон омодагӣ гиред. Дар ин муддат тамаркузи худро пурра ба омӯзиш равона карда, телефони мобилӣ, телевизор ва дигар садоҳои парешонкунандаро аз худ дур кунед. Баъди соати 22:00 мутолиаву омӯзиш тавсия дода намешавад.

Агар омӯзиш бо қобилияти табии мағзи сар ҳамоҳанг карда шавад, ҳам зеҳн хаста намешавад ва ҳам маълумот дар хотира хубтар ҳифз мешавад.


 

Ёддошт ва нақша

Ёддошт ва таҳияи нақша яке аз самараноктарин усулҳои омӯзиш ва дар хотир гирифтани маълумот аст. Аз нигоҳи равоншиносӣ низ, навиштани қисматҳои асосии маводи омӯхташуда ва таҳияи нақша, ҷадвал ва диаграмма ба мағзи сар имкон медиҳад, ки иттилоотро хубтар қабул кунад. Метавонед ҳар бахши маводи омӯхтаатонро дар ҳаҷми 1-1,5 саҳифа дар шакли хулоса нависед ва он бояд далелу арқом ва ё асоси мутолиаи шуморо дарбар гирад.

Инчунин, барои дар хотир гирифтани маълумоти монанд метавонед аз диаграмма истифода кунед. Дар он имкони муқоисаи чанд маълумоти ба ҳам шабеҳ (масалан тестҳои монанд) буда, метавон ҷиҳатҳои мутафовити онро қайд кард, ки барои дар хотир гирифтан осон аст.

Ҳамчунин метавонед вобаста ба мавзуъ “харита” таҳия карда, нуктаҳои калидиро бо рангу шаклҳои гуногун қайд кунед.

 


 

Кор бо тестҳои намунавӣ ва истифодаи вақтсанҷ

Саволҳои имтиҳонҳои марказонидашуда тартиби муайяни худро доранд. Бо шиносоӣ бо тестҳои қаблӣ ё саволномаҳои маркази миллии тестӣ довталаб аз равиши имтиҳонсупорӣ огоҳ мегардад. Инчунин тестҳои намунавӣ ҳастанд, ки қабл аз имтиҳон дар ҷараёни омодагӣ аз онҳо истифода бурдан имкон дорад.

Шумо метавонед бо истифодаи вақтсанҷ тестҳои намунавиро иҷро кунед. Худро дар муҳити имтиҳон тасаввур кунед ва ҳар гуна маводи ёрирасонро канор гузоред. Ин барои донистани он ки дар рӯзи имтиҳон барои ҳар савол чӣ қадар вақт ҷудо кардан мумкин аст, кӯмак мекунад. Ҳангоми иҷрои чунин машқҳои пешазимтиҳонӣ усулҳои ҳалли тестро низ истифода баред, масалан, саволеро, ки ҷавобашро намедонед ва ё ба дурустии ҷавобатон шубҳа доред, ба охир гузоред.

Кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз аз ин усул истифода баред ва ҳар дафъа саволҳои тест гуногун бошанд. Дар охир бисанҷед, ки шумо дар вақти муайяншуда чанд фисади тестро дуруст иҷро кардед. Ин имкон медиҳад, ки нуктаҳои заъфи худро муайян карда, мавзуи марбутаро дубора омӯзед.


 

Такрор ва саволу ҷавоб бо худ ё дӯстон

Мутолиа бо овози баланд ё такрор кардани ҷавоби саволҳо имконияти дар хотира ҳифз намуданро бештар мекунад. Вақте шумо бо овози баланд маълумот ё тестро такрор мекунед, қувваи шунавоӣ низ фаъол мегардад ва имконияти ҳифз дучанд мегардад. Ин усул махсусан дар фанҳое, ки ифодаи дақиқиятро тақозо мекунад, самаранок аст.

Инчунин метавонед бо дӯстон ва ҳамсабақони худ саволу ҷавоб ташкил кунед. Ин ба ҳарду ҷониб имкони азхудкунӣ медиҳад. Масалан, ҷониби дигар нуктаеро қайд мекунад, ки барои шумо нав аст. Ё вақте нафари дигар хатои шуморо ишора мекунад, шумо дар он тамаркуз хоҳед кард. Инчунин ин усул суръати фикрронӣ ва қобилияти истод дар андешаро тақвият медиҳад.

 


 

Вақт барои истироҳат ва хоб

Аксар довталабон бар он андешаанд, ки ҳар қадар бештар хонанд, ҳамон қадар натиҷаи беҳтар мегиранд. Вале аз нигоҳи илмӣ, бефосила хондан самараи камтар дорад, зеро  мағзи сари инсон хаста мешавад ва қобилияти қабул ва таҳлили иттилоъро гум мекунад. Пас аз ҳар 45-90 дақиқа аз 15 то 20 дақиқа истироҳат кардан имкон медиҳад, ки иттилои гирифта коркард шуда, ба хотираи дарозмуддат гузарад.

Дар ин фурсат сайругашт кунед, об нӯшед ва чашмонро истироҳат диҳед. Дар вақти истироҳат аз хондани маводи нав ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоиву тамошои наворҳои кутоҳ худдорӣ кунед, зеро ин раванд зеҳнро парешон мекунад ва ҷараёни “ҳазмшавӣ”-и маълумотро дар мағзи сар қатъ месозад. Ҳамчунин кӯшиш кунед, ки дар вақти ҳар истироҳати кутоҳ хоб накунед.

Бояд дар хотир дошт, ки коҳиш додани хоб ба хотири омӯзиш на фоида, балки зарар мерасонад. Аз нигоҳи илмӣ, хоб на танҳо барои оромӣ, балки барои нигоҳ доштани саломатии равониву ҷисмонӣ ва мустаҳкам кардани маълумоти омӯхташуда нақши муҳим дорад.

Дар хоби шабона маълумоте, ки рӯзона омӯхта шудааст, ба хотираи дарозмуддат мегузарад. Шабона на кам аз 7-8 соат хоб тавсия дода мешавад. Инчунин зарур аст, ки тартиби хобро риоя карда, ҳар шаб дар як вақт хоб кард ва субҳ дар як вақт аз хоб хест. Ду соат пеш аз хоб мутолиаи ҷиддиро қатъ карда истифодаи таҷҳизоти электрониро низ кам кунед.


 

Як рӯз пеш аз имтиҳон

Рӯзи пеш аз имтиҳон марҳилаи ҳассосу муҳим аст. Дар ин рӯз аз мутолиаи шадиду фишоровар худдорӣ карда, бо такрори сабуки маводи қаблан омӯхташуда ва омодагии равонӣ таваҷҷуҳ бояд кард. Инчунин тавсия дода мешавад, ки аз мутолиаи шабона ва омӯзиши ҳар гуна маводи нав худдорӣ карда шавад, зеро ин ба хотира фишор меорад. Беҳтар аст дар ин рӯз ягон машғулияти писандидаи худро иҷро карда, ба сайр бароед ва бо хонаводаву наздикон суҳбат кунед.

Кӯшиш кунед, аз ҳар гуна фикру суханҳои манфӣ ва шахсоне, ки ҳисси ногувор медиҳанд, дурӣ ҷӯед. Худро рӯҳбаланд кунед ва эҳсоси итминон кунед, ки омодаед.

Шабона барвақттар ва на камтар аз 7 соат хоб кунед. Хоби кофӣ қувваи равонӣ ва тамаркузро дар рӯзи имтиҳон таъмин мекунад.


Субҳи рӯзи имтиҳон барвақттар аз хоб бедор шуда, наҳориро фаромӯш накунед ва бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ва ду ручкаи одии сиёҳ 1,5 соат пеш аз оғози имтиҳон ба макони имтиҳонсупорӣ ҳозир шавед.

Ба довталабон барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ барор мехоҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.