Имзои созишнома дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дирӯз, 9-уми октябр дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расид, имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоина мегузаштанд, ки ҳам сарсонии зиёд дар пай дошт ва ҳам аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд.
Тасдиқи санади аз муоинаи тиббӣ гузаштан тибқи қоидаҳои муқаррарнамуда аз ҷониби Русия сурат мегирад.

Алексей Кузнетсов, ёвари вазири тандурустии Русия ба РИА Новости гуфтааст, ки "дар доираи созишнома шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, метавонанд дар нуқтаи махсуси таъсиёфта дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаранд".
Ба таъкиди вай, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пулакӣ аст, вале то ҳол ҳаҷми маблағи он маълум нест.
дигар ҷузъиёти ин созишнома ҳоло маълум нест.
ҳамчунин, дирӯз, 9-уми октябр, вазирони меҳнат, муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ворид намудани тағйирот ба сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2019 қабул шуда буд, протокол табодул карданд Ба ин санад чӣ тағйирот ворид шудааст, ҳоло маълум нест.
Вазирони корҳои дохили Тоҷикистон ва Русия як санади дигар - дар мавриди “мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират” ба имзо расониданд, ки он ҳам ба муҳоҷират рабт дошт. Ҷузъиёти ин санад ҳам то ҳол маълум нест.
Бодя гуфт, ки рӯзи 9 октябр аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар маҷмуъ, 16 санад ба имзо расид.
Зимни суханронӣ дар конфронси матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бори дигар зикр кард, ки беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Оморе, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ба чолиш кашида, таъкид кардааст, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия атрофи 600 ҳазор аст.





«Когда всё хорошо - песни не пишутся»: Мубориз Усмонов о вдохновении, дружбе и пути артиста
Сборная Узбекистана узнала соперников на жеребьевке ЧМ-2026
Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Четыре боя – четыре поражения. Таджикистанцы выступили на турнире АСА в Москве
Шерали Кабир: «ChatGPT заменил мне ассистента»
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Жесткий лимит в 4 кВт, атака афганских боевиков и как Центральная Азия воду поделила
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 декабря 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста