Чанде пеш дар Рӯзи байнулмилалии сарфаи нерӯи барқ ҷашн гирифта шуд. Ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ва аҳли ҷомеа ба истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ мебошад. Истифодаи оқилонаи нерӯи барқ на танҳо захираҳои табииро эмин нигоҳ медорад, балқи хароҷоти оилаҳоро кам мекунад. Бахуус ин дар шароити мунтазам болоравии таърифаҳо ба барқ муҳиму рӯзмарра аст.
Чӣ гуна сарфа кардани истифодаи нерӯи барқро шарҳ медиҳем, то ки хароҷоти пул аз буҷети оилавӣ камтар шавад.
Сарфа дар рӯшноӣ
Ҳангоми аз хона баромадан чароғ ва ҳамаи таҷҳизоти барқиро хомӯш намоед. Лампаҳоро бо дастгоҳҳои ҳассос ба ҳаракат ё вақт (таймер) насб кунед, то онҳо худ ба худ рӯшноиро хомӯш кунанд.
Аз рӯшноии маҳаллӣ истифода баред: чароғҳои деворӣ, поядор (торшерҳо). Масалан, то ки ҳар дафъа чароғҳои асосиро даргирондан лозим нашавад, беҳтар аст дар ҳуҷра рӯшноии иловагӣ аз лентаи рӯшноии диодӣ насб карда шавад.
Дар хотир доред, ки тозагӣ гарави сарфакорӣ аст. Шишаи ифлоси тирезаҳо ва асарпӯши чароғҳо (плафонҳо)-и пурчангу ғубор сатҳи рӯшноиро дар дохили хона то 35% кам мекунанд. Ҳангоми таъмир бошад, ба назар гиред, ки деворҳо ва мебелҳои равшан то 80% нури рӯшноиро инъикос мекунанд, дар ҳоле ки ранги тира ҳамагӣ тақрибан 12%-ро.
Лампаҳои каммасраф гузоред. Лампаҳое, ки нерӯи кам истеъмол мекунанд, бояд дар ҳамаи чароғҳои хона насб карда шаванд. Унсурҳои рӯшноии диодӣ метавонанд гарон бошанд, аз ин рӯ метавонед онҳоро тадриҷан — аз долон ва ошхона, ки рӯшноӣ бештар истифода мешавад, оғоз кунед. Арзиши баланди чунин лампаҳо комилан асоснок аст: дар натиҷа онҳо ба сарфаи назаррас дар хароҷоти рӯшноӣ мусоидат мекунанд. Ғайр аз ин, аз лиҳози экологӣ онҳо нисбат ба лампаҳои люминессентӣ хубтаранд.
Лампаи пур аз ғубор дар чароғи кушода то 50% рӯшноии камтар медиҳад. Ҳамин ҳолат бо чароғҳои хонагӣ низ мушоҳида мешавад. Баъзан онҳоро пок кардан лозим аст, то ки эҳтиёҷ ба истифодаи манбаъҳои иловагии рӯшноӣ ва хароҷоти изофӣ пешгирӣ гардад.
Дар пухтупаз хароҷоти нерӯи барқро кам кунед
Дастгоҳи барқӣ (плита) ва ҷевони барқӣ (танӯр) миқдори зиёди нерӯи барқ истеъмол мекунанд, бинобар ин, агар танҳо гарм кардани ғизо лозим бошад, беҳтар аст аз дастгоҳи барқии хурд (микроволновка) истифода баред. Ин ба чойникҳо ҳам дахл дорад: чойники барқӣ нисбат ба чойники оддӣ, ки дар плита гарм мешавад, камтар нерӯ сарф мекунад. Барои сарфаи бештар бошад, беҳтар аст якбора танҳо ҳаҷми зарурии обро ҷӯшонед.
Инчунин набояд фаромӯш кард, ки тозагӣ барои самаранокии таҷҳизотҳои гармидиҳӣ муҳим аст. Плитаи барқӣ, чойник ва ҳатто тостер гоҳ-гоҳ тоза карданро талаб мекунанд. Таҷҳизотҳои ифлос нерӯро самаранок намегузаронанд ва хӯрок дертар мепазад. Чӣ гуна тоза кардан лозим? Масалан, аз таҳшин дар чойники барқӣ метавон бо роҳи ҷӯшондани об бо лимӯ халос шуд.
Кори сӯрохчаҳои плитаи барқиро мунтазам назорат кунед ва дар онҳо танҳо зарфҳои мувофиқ ба андоза ва бо поёни ҳамвор гузоред.
Дег ва табақҳоро бо сарпӯш пӯшонед: онҳо талафоти гармиро қариб се баробар кам мекунанд.
Яхдонро набояд дар ҷое гузошт, ки ба он нури мустақими офтоб афтода ё дар наздикии плита ё радиатор (асбоби сардкунӣ)-и гармидиҳӣ бошад, зеро дар ин ҳолат истеъмоли нерӯи барқ метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад. Ҳамчунин бояд байни девори хона ва пушти яхдон фосила гузошта шавад, то радиатор хунук шавад. Дар ин сурат он самараноктар кор карда, нерӯи барқро сарфа мекунад.
Кӯшиш кунед, ки қуттии яхбандиро комилан пур кунед: ин аз баромадани ҳавои сард ҳангоми кушодани дар пешгирӣ мекунад. Барои пур кардани яхдон метавонед аз халтаҳо, қолабҳои ях ё рӯзномаҳо истифода баред.
Дуруст истифода бурдани таҷҳизотҳои барқӣ
Ҳамаи таҷҳизотҳои барқии дуюмдараҷаро шабона хомӯш намоед, инчунин пуркунандаҳоро пас аз ғизогирии пурраи дастгоҳ ҷудо кунед.
Кӯшиш кунед, ки мошини ҷомашӯиро аз ҳад зиёд пур накунед (боркунии аз ҳад зиёд истеъмоли нерӯи барқро то 10% зиёд мекунад) ва реҷаи миёнаи ҳароратро истифода баред. Шустан дар ҳарорати 30 дараҷа нисбат ба 40 дараҷа, 35% камтар нерӯ сарф мекунад.
Ҳавософкун (вентиляторҳо) ва полоишҳо (филтрҳо)-и кондитсионерро мунтазам тоза намоед.
Дастгоҳҳоро, аз ҷумла микроволновка, телевизор, компютер, сканер, принтер ва модемҳоро дар ҳолати интизорӣ нагузоред. Ин амал ба шумо имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 200 кВт нерӯи барқ сарфа кунед. Аз розеткаҳо (васлакҳо)-и барқии дорои таймер (ҳисобкунаки вақт) истифода баред.

Харидории техникаи хонагии каммасраф
Ҳамаи таҷҳизотҳои барқӣ бо ҳарфҳои лотинӣ аз A+++ то G тамғагузорӣ мешаванд. Таҷҳизотеро интихоб намоед, ки сатҳи пасти истеъмоли нерӯи барқ дошта, бо ҳарфҳои A ва B нишон дода шудааст.
Он дастгоҳҳоеро харед, ки дар онҳо технологияҳои навтарини сарфаи нерӯи барқ истифода мешаванд. Масалан, панели пухтупазҳои индуксионӣ, ки танҳо поёни зарфро гарм мекунанд ва нерӯро беҳуда сарф намекунанд, рӯз то рӯз маъмултар мегарданд. Самаранокии чунин плитаҳо то 95% мерасад!
Гармиро беҳуда сарф накунед
Гармкунаки инфрасурх нисбат ба дигар намудҳо 30–80% каммасрафтар аст.
Агар дар хона батареяҳои барқӣ насб шуда бошанд, кӯшиш кунед, ки онҳоро тоза нигоҳ доред, то ғубор қисми гармиро ҷаббида насозад ва маҷбур нашавед ҳароратро баландтар намоед.
Ҳангоми истифодаи гармкунаки об ҳароратро камтар кунед.
Гармкунаки оби захиравиро бо гармкунаки ҷараёнӣ иваз намоед. Бо ин роҳ шумо дигар барои нигоҳ доштани доимии ҳарорати муайяни об нерӯи барқро беҳуда сарф намекунед.
Обро танҳо ҳангоми зарурат гарм кунед. Вақте аз хона мебароед ё шабона, онро аз шабакаи барқ ҷудо намоед.
Ҳар се моҳ як бор гармкунаки обро аз таҳшин тоза кунед, зеро он истеъмоли нерӯи барқро 15–20% зиёд мекунад.
Кашидани сими дастгоҳ аз розеткаи барқӣ
Ҳатто агар ҳамаи дастгоҳҳо хомӯш бошанд ҳам, онҳо то даме ки ба розетка васл шудаанд, ба истеъмоли нерӯи барқ идома медиҳанд. Мутахассисон чунин таҷҳизотро «вампирҳои энергетикӣ» меноманд ва барои сарфаи барқ тавсия медиҳанд, ки дастгоҳҳоро аз розетка ҷудо намоед.
Гап сари он аст, ки аксари таҷҳизоти муосир миқдори ками нерӯи барқро нигоҳ медоранд, то ҳангоми фаъол шудан зудтар ба кор дароянд. Бо кашидани сим аз розетка шумо ба дастгоҳҳои хонагӣ иҷозат намедиҳед, ки нерӯи барқро «бе иҷозат» истифода баранд.





