Дирӯз, 22-юми март, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон - ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.
“Ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад”, - зикр намудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки тибқи қатъномаи СММ, Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро иброз намуда, аз кишварҳои аъзои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал овардааст.
Дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи Конфронси оби СММ - 2023, баргузор карда шуд, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори генералии Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори генералии Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат Бруно Оберле ва муовини директори ЮНЕСКО Син Тсюя иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр низ ширкат варзид.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби СММ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хуснуллин в Душанбе предупредил, что нелегальной миграции в России больше не будет
Wildberries придет в Таджикистан? В Душанбе подписан меморандум о сотрудничестве
С какой целью в Душанбе сегодня прилетал вице-премьер России?
Где в Душанбе выучить таджикский язык?
BAIC BJ80: Мощь и комфорт в одном внедорожнике
В Душанбе обсудили совершенствование знаний о рисках бедствий в Таджикистане
Бортников назвал подрывы пейджеров «Хизбаллы» «прямой угрозой безопасности стран СНГ»
Афиша от «Азия-Плюс»: «Золотое сердце Востока», «Рудаки» и Startupstan Summit 2024
Разговоры о важном. Что нужно внедрять в образовательную программу школьников Таджикистана?
«У меня не было денег»: УМВД Душанбе опубликовало видео с подозреваемым в нападении на таксиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста