Артиши Исроил 7-уми апрел гуфт, ҳамаи неруҳои хушкигарди худро аз минтақаи ҷанубии навори Ғазза берун бурдааст. Аз ҷумла, дивизияи 98-уми Исроил наворро тарк карда, дар Ғазза танҳо як гуруҳи низомиёни Исроил боқӣ мондааст.
Радиои "Kan" бо истинод ба низомиёни исроилӣ хабар додааст, ки бурунрафти неруҳо аз Ғазза ба фишорҳои сиёсӣ, аз ҷумла аз ҷониби ИМА рабте надорад.
"Haaretz" аз қавли сухангӯи артиши Исроил навишта, ки дивизияи 98-ум дар натиҷаи задухӯрдҳо дар шаҳри Хон Юнус воҳидҳои гуруҳи "Ҳамос"-ро шикаст дод ва ҳузури минбаъдаи он дар Ғазза дигар маъно надорад.
Низомиёни Исроил гуфтаанд, баъди бурунрафти неруҳо аз Хон Юнус фаластиниён метавонанд аз Рафаҳ ба шаҳр баргарданд.
Ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамла ба баъзе аз шаҳрҳои Исроил ҳудуди 1200 нафарро кушта ва 250 нафари дигарро гаравгон гирифтанд.
Бино ба гузоришҳо, 130 нафар аз ин гаравгонҳо то ҳол дар дасти нерӯҳои “Ҳамос” мондаанд. Шумораи зиёди одамон дар Исроил рӯзи 30-юми март ба хиёбонҳо баромада, хоҳони раҳоии гаравгонони ин кишвар шуданд.
Вазорати тандурустии Навори Ғазза мегӯяд, дар тақрибан шаш моҳи охир беш аз 32 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.




Основной праздник Навруз пройдет в Душанбе. Какие мероприятия будут организованы?
Сборные Таджикистана разных возрастов выходят на международную арену
Как купить билет на сайте дешевых авиабилетов Аvs.tj?
Афиша от «Азия-Плюс»: Вечер персидско-японской музыки и поэзии, Artel Local Bazaar - Navruz edition, концерт TASSO в Душанбе
Проект Маркетинг Форум-2025 из Таджикистана стал призером международной премии beMa!
Все, что нужно знать о Наврузе
Картой Visa в Таджикистане можно оплачивать покупки в сомони
Падение рубля к таджикской валюте ускорилось. Объясняем причины
Эксперты ЕАБР объяснили, почему экономика Таджикистана продолжит быстро расти
Новым резидентом IT Park Dushanbe стал BARQ, который намерен запустить сервис аренды пауэрбанков
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста