Мақомоти пизишкии Ӯзбекистон афзоиши мубталоии кӯдаконро ба бемории сурхакон дар вилояти Намангони он кишвар тасдиқ карданд.

Аз ибтидои сол дар он вилоят 735 ҳолати мубталоӣ сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2022 дар тамоми Ӯзбекистон ҳамагӣ 8 ҳолат сабт шуда буд.

Дар беморхонаҳои вилояти Намангон барои табобати кӯдакони мубтало ба сурхакон 340 кат муҳайё шудааст.

Айни замон дар маҷмӯъ дар беморхонаҳои Намангон 245 кӯдак аз сурхакон табобат мегиранд. Ин кӯдакон аз 1 то 3 сол доранд.

Бояд зикр кард, ки хуруҷи бемории сурхакон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳам мушоҳида шудааст.

Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сурхакон ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ алайҳи сирояти ин беморӣ эм карда шуданд ва дар ин маърака ҳудуди 3,5 миллион кӯдаки аз 6 моҳа то 15 сола фаро гирифта шуданд.

Ҷаъфаров афзуд, дар соли 2022 дар Тоҷикистон мавориди гирифторӣ ба бемории сурхакон мушоҳида шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, вазъ таҳти назорат аст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пештар хабар дода буд, ки мубталоӣ ба бемории сурхакон дар қиёс ба соли 2021 дар соли 2022 18 дарсад ва маргу мир аз ин беморӣ 40 дарсад афзуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.