Дар пайи ҳамла ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав ва бо гумони содир кардани ин ҷиноят боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон, вазъи муҳоҷирони тоҷики муқими ин кишварро ба якборагӣ душвор шуд. Мақомоти Русия тафтиш шаҳрванди Тоҷикистонро дар дохил ва сарҳад бештар ва пурзӯр карда, садҳо нафарро хориҷ карданд.

Ҳоло ҳуқуқҳои муҳоҷирон бештар аз ҳарвақта поймол мешавад ва дар аксар ҳолат онҳо аз ҳақи худ дифоъ карда наметавонанд.

Бо назардошти вазъи кунунӣ, мо номгӯйи ҷамъияти тоҷикон ва ташкилотҳоеро, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия кӯмак мекунанд, ҷамъ овардем. Ба рӯйхат танҳо созмонҳое ворид шудаанд, ки тавонистем бо онҳо тамос гирем ва тасдиқ намоем, ки онҳо фаъоланд.

Ҷамъияти тоҷикон “Нур” (шаҳри Маскав)

Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Нур” яке бузургтарин иттиҳодияҳои тоҷикони Русия аст. Дар сомонаи ин ҷамъият зикр мегардад, ки ҳадафи асосии он ёрӣ ба муҳоҷирон аст. Аз ҷумла суғуртабандӣ, ёрии тиббӣ, ҷустуҷӯйи ҷойи кор ё гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар Русия.

Фаъолияти “Нур” аз ҷониби даҳ кумита, аз ҷумла, кумитаҳои тандурустӣ, маориф, масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ танзим мешавад. Ташкилот барои муҳоҷирон семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда, машваратҳои ройгони табибону ҳуқуқшиносони таҷрибадорро аз ҳисоби тоҷикони муқими Русия пешкаш менамояд. Яъне, тоҷикони муваффақ ба ҳамватанони худ дар ҳалли мушкилиҳои гуногун кӯмак мерасонанд.  

Телефон:  +7 (499) 504-41-80

Почтаи электронӣ: [email protected] 

Сомона:  roonoor.ru 

Инстаграм: roonoorofficial

Фейсбук: groups/roonoorofficial/ 


Созмони ҷамъяитии тоҷикон “Аҷам” (шаҳри Санкт-Петербург)

Созмони ҷамъяитии тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург “Аҷам” дар ҳоли ҳозир бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба муҳоҷирон дар бақайдгирӣ, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кор, таҳсил, иқомат, ҳифзи ҳуқуқ ва мутобиқшавӣ ёрӣ мерасонад.

Барои мутобиқшавии иҷтимоӣ ва фарҳангии кӯдакони муҳоҷирон ва омӯзиши забони русӣ дарсҳои махсус таъсис додааст. Барои муҳоҷирони калонсол бошад, мактаби якшанбегӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва тоҷикӣ фаъолият мекунад.

Роҳбари ташкилот:  Мурод Усмонов

Суроға: ш. Санкт- Петербург, к. Харченко х.10к.2, ст. м. Лесная

Телефон: +7(965)088-44-44

Почтаи электронӣ: [email protected]

ВКонтакте: adjamspb

Реҷаи корӣ:

Дш-Ҷм 10:00-19:00

Шб 10:00-18:00

Маркази миллии фарҳангии тоҷикон (шаҳри Пенза)

Ташкилоти ҷамъиятии вилоятии “Маркази миллии фарҳангии тоҷикон” дар шаҳри Пенза ба муҳоҷирони тоҷик дар ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини кор кӯмак мекунад. Ин созмон тоҷикони вилояти Пензаро муттаҳид карда, дар бораи ҷойҳои корӣ маълумот ҷамъоварӣ мекунад ва ба ҳамватанон ирсол менамояд. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои нафарони ниёзманд кӯмаки моддӣ ҳам мерасонад.

Роҳбари ташкилот: Олимҷон Шеров

Телефон: +79631056666

Почтаи электронӣ: [email protected] 

Ҷамъияти тоҷикон “Дидор” (шаҳри Екатеринбург)

Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Дидор” ба корҳои фарҳангию маърифатӣ машғул буда, ба муҳоҷирони тоҷик барои мутобиқ шудан ба муҳити навс, ошноӣ бо забон, фарҳанг ва таърих, сабти ном ва пайдо кардани ҷойи кор мусоидат мекунад. Барои мактаббачагон ва кӯдакони синни томактабӣ “Дидор” як қатор дарсу курсҳои омӯзиширо ташкил намуда, ба онҳо барои омодагӣ ба мактаб, донишгоҳҳо ва муошират бо ҳамсолон мусоидат мекунад.

Фаъолияти самарабахш ва мураттаби ташкилотро 10 кумита таъмин менамоянд. Масалан, дар ташкилот  кумитаҳои маориф, тандурустӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ, дастгирии иҷтимоӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ғайра мавҷуданд. Дар якҷоягӣ онҳо қариб тамоми соҳаҳои фаъолият ва мушкилиҳои ҳамватанони моро фаро мегиранд.

Роҳбари ташкилот: Ошурбекова Мастбегим 

Телефон: 89676344440; 89068003325

Почтаи электронӣ: [email protected]

ВКонтакте: roo_didior 

Канал дар Телеграм: t.me/roodidor


Ҷамъияти тоҷикон “Ҳамватанон” дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)

Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии фарҳангиву маънавии тоҷикон “Ҳамватанон” дар Ёқутистон ба муҳоҷирони тоҷик ёрии ҳуқуқӣ расонида, дар қонунигардонӣ, тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ва мутобиқшавӣ, бахусус мутобиқшавии кӯдакону наврасон кӯмак мекунад. Ҳамин тариқ, созмон бо оилаҳое, ки кӯдакони синни мактабӣ доранд ва мактабҳое, ки кӯдакони муҳоҷир дар он ҷо таҳсил мекунанд, ҳамкории зич дошта, барои ҳамгироии онҳо бо фазои нав ёрӣ медиҳад: чорабиниҳои гуногун мегузаронад ва кӯмаки равонӣ мерасонад.

Роҳбари ташкилот: Паҳлавонова Садбарг

Нишонӣ: шаҳри Нерюнгри, кӯчаи Кравченко, бинои 6

Телефон:  +7 924 463-55-19

​​​​​​​Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикон “Ваҳдат-Север” (округи мухтори Ханти-Мансийский Югра)

Ҷамъияти тоҷикони “Ваҳдат” ба тоҷикони округи мухтори Ханти-Мансийский дар таъмини кор, ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани иҷозатнома, ташкили машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолатҳои гуногун кӯмак мерасонад. Дар ин созмон ду ҳуқуқшинос – оид ба муҳоҷират ва нафақа, кор мекунанд, ки ҳамарӯза ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонанд. Бо дастгирии ҳукумати шаҳри Сургут созмон рӯзномаи “Муҳоҷир”-ро ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр мекунад.

Роҳбари ташкилот: Файзулло Аминов

Нишонӣ: ш. Сургут, х. Нефтяников 4Б

Телефон: +79026904028

Почтаи электронӣ: [email protected]

​​​​​​​Ҷамъяити миллӣ-фарҳангии тоҷикон “Ҳамватанон” (шаҳри Иркутск)

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск ба корҳои маърифатӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик машғул буда, ба онҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ, ҷустуҷӯйи кор кӯмак мекунад ва оид ба масъалаҳои гуногун машварати ҳуқуқӣ мегузаронад. Дар назди созмон Ассотсиатсияи табибони тоҷики Иркутск фаъолият мекунад, ки ба ҳамватанони мо кӯмаки ройгон мерасонад.

​​​​​​​Роҳбари ташкилот: Маликшоев Муриват

Нишонӣ: ш. Иркутск, к. Партизанӣ 3, идораи 206

Телефон:  89647586768, 89501016316

Почтаи электронӣ: [email protected] 

​​​​​​​“Рядом дом” (шаҳри Маскав)

Маркази кӯмак ба муҳоҷирон “Рядом дом” созмони хайриявиест, ки ба оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар хориҷиёне, ки дар Русия ба мушкилӣ дучор шудаанд, ройгон ёрӣ мерасонад.

Марказ ба ниёзмандон дар шакли ғизо, маводи ниёзи аввалия, либос, молҳои кӯдакона кӯмакҳои гуманитарӣ ва тиббӣ расонида, инчунин хароҷоти хариди доруворӣ, машваратҳои тиббӣ ва табобатро пардохт мекунад ва дархостҳоро барои пардохти ҷарроҳӣ баррасӣ менамояд.

Марказ барои кӯдакон курсҳои ройгони омодагӣ ва мутобиқшавӣ ба таҳсил дар мактабҳои русиро пешкаш мекунад.

“Рядом дом” модарони танҳоро низ дастгирӣ мекунад. Ҳамин тариқ, Марказ ба занони муҳоҷире, ки бо фарзандони хурдсол дар Русия бе саробон мондаанд, дар пардохти иҷорапулӣ кӯмак мекунад, то онҳо имкони ҷамъоварии маблағ барои бозгашт ба ватан, пайдо кардани кор дар Русия ё ҳалли вазъи ҳуқуқии худро дошта бошанд.

Нишонӣ:  ш. Москва, х. Нахимовская/Каховская, к. Болотниковская, хонаи 31/1;

м. Отрадное, к. Юрловский пр-д, 10а 

Телефон: +7 991 229-23-82

Почтаи электронӣ: [email protected], [email protected] 

Сомона: rydomdom.ru

​​​​​​​“Кӯдакони Петербург” (шаҳри Санкт-Петербург)

Ташкилоти хайриявии “Кӯдакони Петербург” ба мутобиқсозии иҷтимоию фарҳангии кӯдакони муҳоҷир ва гурезаҳо машғул аст. Ин созмон курсҳои забони русӣ ва омодагӣ ба мактаб барои кӯдакони муҳоҷир, лагерҳои забономӯзии шаҳрӣ, машварат ва дастгирии оилаҳо ҳангоми дохил шудан ба мактаб ва барномаҳои гуногуни фарҳангиро роҳандозӣ мекунад. Инчунин, дар ташкилот дарсҳои забони русӣ, математика, забони англисӣ, ҷуғрофия ва дигар фанҳо, омодагӣ ба имтиҳони ҳатмии давлатӣ ва имтиҳони ягонаи давлатӣ, тренингҳо оид ба муошират, роҳнамоии касбӣ, ёрии аввалин ва ғайраҳо барои наврасону машваратҳо бо волидон оид ба муҳоҷират, масъалаҳои иҷтимоӣ ва ғайра роҳандозӣ шудаанд.

Тамоми дарсу чорабиниҳо ройгон буда, барои кӯдакони тамоми миллатҳо дастрасанд.

Нишонӣ:  ш. Санкт-Петербург, к. Союз Печатников, х. 7, лит. Б, ҳ. 4Н

Сомона:  detipeterburga.ru

Инстаграм: deti_peterburga


​​​​​​​Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон

Валентина Чупик чанд сол аст ба муҳоҷирон дар Русия кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонад. Шумо метавонед ба Валентина Валентиновна барои машварат оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат кунед.

Телефон: +7 926 834 7602

Телеграм: Valentina_Chupik

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.