Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Фаластин, ки дар варзишгоҳи “Дора” дар Хеврон дир гардид, мусовӣ - 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисобро дар дақиқаи 39-уми вохӯрӣ нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, футболбози дастаи “Дунав” (Булғористон) Парвизҷон Умарбоев боз намуда, дар оғози қисми дуюми бозӣ фаластиниҳо ҳисобро баробар карданд.

Гуфта мешавад, акнун рӯзи 3 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Фаластин баргузор мешавад.