Дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, дастаи мунтахаби мардони Тоҷикистон ғайриинтизор бар дастаи Қазоқистон ғолиб омад.

Шоҳмотбозони тоҷик тими Қазоқистонро, ки аз як гроссмейстер ва се устодон иборат буд, бо ҳисоби 2,5:1,5 шикаст дод.

Ба ин тариқ, мунтахаби мардони Тоҷикистон аз 2 холи имконпазир 2 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа дар сафи пешсафон аст. Дар давраи навбатӣ Тоҷикистон бо тими Словакия рақобат мекунад.

Мутаассифона, мунтахаби занони Тоҷикистон дар даври дуюм низ пайиҳам ба шикаст дучор мешавад. Ин дафъа занони тоҷик аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Имрӯз онҳо бо дастаи Арабистони Саудӣ, ки тибқи рейтинги ФИДЕ дар зинаҳои поин аст, бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.