Соли гузашта дар пайи санҷиши 7 ҳазору 700 иншоот, 13 ҳазору 96 шахси масъул барои риоя накардани талаботи беҳдоштиву эпидемиологӣ ҷарима шуда, фаъолияти 186 иншоот то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шудаанд.
Дар ин бора дар ҷаласаи солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки дирӯз, 8-уми январ баргузор гардид, зикр шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар пайи санҷишҳо 5 ҳазору 925 кг “маҳсулоти хӯрокаи пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта” аз муомилот боздошта ва нобуд кардааст.
Дар ҷаласа зикр шудааст, ки соли 2025 табибон 330 амалиёти ҷарроҳии пайванди узвҳо анҷом додаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 35 ҳолат зиёд будааст.
Ҳоло дар кишвар чанд табиб ва ҳамшираи тиб кор мекунанд?
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 87 ҳазору 300 корманди тиб фаъолият мекунанд, ки 22 ҳазору 419 нафари он табибон ва 64 ҳазору 909 ҳамшираи тиб ва ё парастор мебошанд. Ин ниҳод гуфтааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 2,3 фоиз зиёд аст.
“Тибқи оморҳои пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 94,3 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,7%-ро ташкил дода, ба соли пеш нисбат тахминан 0,8 ва 0,1% зиёд мебошад”,- навиштааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ба ҳолати нимсолаи соли гузашта дар соҳаи тибби кишвар 1 ҳазору 600 мутахассис намерасад. Масъулини мақомот бар он боваранд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби олии тиббӣ камбуд бартараф мешавад.
Дар бораи норасоии табибон ва муҳоҷирати онҳо дар ин пайванд мутолиа кунед.
Истеҳсол ва содироти дору
Ба иттилои расмӣ, соли гузашта дар 71 корхонаи истеҳсоли дору зиёда аз 106,5 млн дору ва маҳсулоти тиббӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 4,5 млн адад бештар будааст.

Дар ин давра ширкатҳои фарматсевтӣ дору ва моддаҳои фаъоли биологӣ ба маблағи 27,14 млн сомонӣ ба хориҷи кишвар содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2024 4,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Чанд духтар бар зидди зидди вируси папилломаи одам эм карда шуданд?
Дар моҳи октябри соли гузашта 517 ҳазор духтарони синни 10-14 солаи кишвар бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) эм гирифтаанд. Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки 96,6%-и духтарон ба ваксина фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки эмкунӣ бар зидди ВПО дар асоси қарори ҳукумати кишвар дар моҳи октябр гузаронида шуд. Вируси папилломаи одам (ВПО) барангезандае мебошад, ки пӯсти инсон ва луобпардаи узвҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон ва қисми берунаи узвҳои таносулиро зарар расонида, ҳар сол боиси марги садҳо нафар мегардад.
Дар хусуси ин беморӣ ва раванди гузаронидани маъракам эмкунӣ дар матлаби “Чаро моякӯбии духтарон бар зидди вируси папилломаи одам муҳим аст?” мутолиа кунед.





Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста