Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чемпионати мазкур аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар қуръакашӣ, ки рӯзи 26 октябр дар Тошканд баргузор шуд, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» и «D» тақсим шуданд.  Ҳар кадоме аз гурӯҳҳо аз 4 даста иборат аст. Натиҷаҳои қуръакашӣ чунинанд:

Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.


Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Қобили зикр аст, ки Кореяи Ҷанубӣ чемпиони 12-каратаи Осиё дар ин синнусол буда, ин нишондиҳандаи рекордӣ дар Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.

Ғайр аз ин, ин даста 5 маротиба медалҳои нуқра ва 6 маротиба медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё байни бозингарони 20-соларо ба даст овардааст. Урдун ва Уммон ба мисли Тоҷикистон ҳоло дастоварде надоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.