Президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Одир Рено-Бассо рӯзҳои 29-30 апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Тавре ки намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ бо намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии кишвар дидору гуфтушунид мекунад.

Дар ҷараёни сафари дурӯза президенти БАТР бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода вомехӯрад.

Ба гуфтаи роҳбари БАТР, соли гузашта ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ 30-солагии фаъолияти худро дар Тоҷикистон ҷашн гирифт.

“Тӯли ин солҳо мо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар марказ ва минтақаҳо, инчунин доираҳои тиҷоратӣ ҳамкории хуб ба роҳ мондем ва ин ба мо имконият дод, ки ба 168 лоиҳа дар саросари кишвар 947 млн евро сармоягузорӣ кунем, - иброз доштааст ӯ. - Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон буда, бесаброна вохӯриҳо бо шахсони расмиро интизорам ва бо хушнудӣ бо натиҷаҳои корамон дар кишвар аз наздик шинос мешавам”.

Дар доираи сафари Одил Рено-Бассо имзои якчанд лоиҳаҳо дар назар аст, ки ба қарздиҳии "сабз” дар чаҳорчӯби Нақшаи амали “Шаҳри сабзи Душанбе” ва дастгирии соҳибкорӣ ва савдои занон равона мешавад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз БАТР ба 168 лоиҳа дар Тоҷикистон 947 млн евро сармоягузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.