Ҳимоятгари тими “Металлург”-и Бекобод (Ӯзбекистон), собиқ узви дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Владислав Косминин изҳор доштааст, ки дар ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон бозӣ кардан мехоҳад. Дар ин бора Фергана хабар медиҳад.
“Мехоҳам, ки ба рӯйхати бозигарони тими миллӣ шомил шуда, минбаъд ба мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ кумак кунам”, - иброз доштааст Косинини 33-сола.
Футболбоз дар бораи сармурабии мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт назари мусбат изҳор кардааст.
“Аз номи худам гуфта метавонам, ки даста як силсила бозиҳои хуб нишон дод, вазъияту муҳит ҳам дар даста мусоид буда, ба натиҷаҳо ноил мешавад ва кор дар он хурсанд мекунад”, - гуфтааст Косминин.
Сармураббӣ Сегрт мухолиф нест, ки Косминин бозигари мунтахаби Тоҷикистон шуда, дар аввалин мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар Қатар доир мегардад, иштирок кунад.
Маълумот дар бораи ба дуруст кардани расмиёти гирифтани шиносномаи Тоҷикистон машғул шудани Владислав Косминин ҳанӯз моҳи декабри соли 2022 пайдо шуда, лекин то нимаи моҳи апрели соли равон дар мавриди гирифтани санад, футболбоз ба пешрафте даст наёфтааст.
Косминин аввалин футболбозе нест, ки мехоҳад дар ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон бозӣ кунад. Пеш аз ӯ ҳимоятгар аз Гана Дэвид Мавутор ва дарвозабон аз Сербия Никола Стошич шиносномаи Тоҷикистонро гирифтанд, лекин то ҳол дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ накардаанд.
Владислав Косминин бозии касбиро дар дастаи “Нафтан”-и Беларус соли 2005 оғоз кардааст. Дар ҳайати дастаҳои «Полоцк», «Гранит», «Волна», «Витебск» ва «Неман»-и Беларус бозӣ кардааст. Соли 2017 ба Осиёи Марказӣ омад. Аввал дар ҳайати дастаи "АГМК"-и Алмалиқ ва сипас "Окжетпес"-и Кокшетау бозӣ кардааст.
Соли 2019 ба “АГМК” баргашта, аммо аллакай баъди ним сол ба “Қизилқум”-и Зарафшон гузашта, сипас ба “Тӯрон”-и Яйпон гузашт. Соли 2022 бо “Истиқлол”-и Душанбе қарордод баста, дар ҳайати ин даста қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва таваҷҷуҳи Сегртро ба худ ҷалб кард. Аввали соли 2023 Косминин ба “Металлург”-и Бекобод гузашт.