Иқдоми ҳарсолаи “Корвони саломатӣ” дар вилояти Хатлон ҷараён дорад. Он 8-уми октябр оғоз ёфта, 2-юми ноябр ба анҷом мерасад. 

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, мутахассисони баландихтисоси тиббии “Корвони саломатӣ” аллакай ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Фархор, Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карданд.

Дар маҷмӯъ 17 нафар кормандони ихтисосҳои гуногуни тиббӣ дар ин иқдом ширкат доранд. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз хидматҳои духтурони асабшинос, кардиолог, гинеколог, терапевт ва педиатр истифода кунанд. Аз ҷумла, барои аҳолӣ ташхиси ултрасадо, рентген, маммография, гузаштани кардиограмма ройгон анҷом дода шуда, инчунин маслиҳатҳои тиббӣ дода мешаванд.

Ҳар мутахассиси ботаҷриба дар як рӯз то 100 нафар сокинони маҳаллиро қабул мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи иқдоми “Корвони саломатӣ” таъмини дастрасии хизматрасонии тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Он барои ёрӣ расондан ба аҳолӣ баҳри ташхиси бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйини табобати саривақтӣ равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.