Фестивал рӯзи 4 декабр аз консерт дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба Рӯзи миллии Руминия Фестивали мусиқии Руминия оғоз гардид. Дар он Ансамбли мусиқӣ ва рақси анъанавии руминиягии Донишгоҳи Трансилванияи Брашов ҳунарнамоӣ кард.

Рӯзҳои 6 ва 7 декабр дар толори синамои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” намоиши филмҳои коргардонҳои Руминия доир мегардад. Даромадан комилан бепул аст.

«Восточный экспресс», соли 2004. Коргардон: Серджиу Николаеску

«Обезглавленный петух», соли 2007. Коргардон: Раду Габреа

«После только тишина», соли 2008. Коргардон: Нае Каранфил

«Выходим на первой», соли 2018. Коргардон: Тэди Некула

Намоиши филмҳо рӯзи 6 декабр соати 14:00 ва 18:00, рӯзи 7 декабр соати 11:00 ва 18:00 баргузор мешавад. Фурсати қулайи тамошои филмҳои аврупоиро аз даст надиҳед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.