Рӯзҳои 15-16 феврал дар “Сафед-Дара” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасону ҷавонон (духтарону писарон) доир гардид.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқа 68 варзишгар дар ҳайати 6 даста аз рӯйи равияҳои слалом ва гигант слалом дар синну соли гуногун миёни ҳам рақобат карданд.

Гуфта мешавад, дар мусобиқаи слалом миёни писарони соли таваллудашон 1998-2000 Сайфиддин Низомиддин (ҷавонони сини то 22-сола), Саидшараф Эшонов (то 19-сола), Алиҷони Бобосанг (наврасони то 17-сола), Аминҷони Абдушукур (то 15-сола), Яқубҷон Маҳмадшарифзода (писарони синни то 13-сола), Раҳмияи Илҳомиддин (духтарони синни то 15-сола), Ҳафиза Назарова (духтарони синни то 12-сола) пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи гигант слалом миёни писарони соли таваллудашон 1998-2000 боз Сайфиддин Низомиддин ғолиб омад. Байни наврасон ва писарон  Рофеъхони Абдураҳим (то 19-сола), Миршарифи Абдусалом (то 17-сола),  Шаҳбози Алиакбар (то 15-сола), Алишери Фатҳулло (то 13-сола) ғолиб дониста шуданд.

Байни духтарон дар мусобиқаи гигант слалом ғолибият ба Азизмоҳи Нуралӣ (то 15-сола) ва Муродбегим Мардонзода (то 12-сола) насиб гардид.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа мукофот ва дипломҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш тақдим карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.