Соли равон дар Тоҷикистон тарифҳо барои истифодаи об ва баровардани партов 10% зиёд мешаванд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Алимурод Исломзода хабар дод.

Аз 1 марти соли 2016 тарифҳои истифодаи об барои аҳолӣ, ҳамчунин субъектҳои хоҷагидорӣ ва корхона тиҷоратӣ 10% афзуда, аз 1 июли соли гузашта тарифҳои истифодаи об барои корхонаву идораҳои буҷетӣ низ зиёд шуданд.

Болоравии тарифҳо ба истифодаи об ва баровардани партовро раҳбарияти корхонаи ХМК ба коҳиши қурби сомонӣ нисбати доллар ва афзоиши нархи нерӯи барқ нисбат медиҳад.

Ба гуфтаи А.Исломзода, имрӯз аҳолӣ барои ҳар як метри мукааби об 83 дирам пардохт мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши аслии вокеъии 1 метри мукааби он 2,3 сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2016 ҳаҷми маблағи хизматгузориҳои бахши хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ 59 млн. 566 ҳазору 600 сомониро ташкил додааст, ки ба 117,5%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.