Имрӯз, 30-юми апрел, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон занг зад. Дар ин бора пештар ОИ “Азия-Плюс” бо такя ба ВКХ-и Тоҷикистон хабар дода буд ва акнун, муҳтавои суҳбатро низ аз ин ниҳод маълум кард.

Ба иттилои Шоҳин Самадӣ, сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон, сӯҳбати телефонӣ бо дархости ҷониби Русия сурат гирифта, зимни он вазирони корҳои хориҷии ду кишвар вазъи душвори шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро, ки дар пайи чораҳои шадиди мақомоти Русия пеш омадааст, баррасӣ кардаанд.

“С.Лавров иброз дошт, ки вокуниши ҷониби Тоҷикистонро ба ин масъала дарк мекунад”, - гуфт Шоҳин Самадӣ.

Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи изҳороти С.Лавров “бар зидди кадом миллату дине равона нашудани чораҳои андешидашуда” С.Муҳриддин таъкид кардааст, ки ин нукта бо вазъи воқеӣ созгор нест ва амалҳои номатлуб танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки чунин бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои равобити дуҷониба мувофиқат намекунад. Дар ин замина таваҷҷуҳи Сергей Лавров ба зарурати риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии асосии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва Шартнома дар бораи хамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҷониби Русия ҷалб карда шудааст.


“Мусоҳибон дар мавриди зарурати нигоҳ доштани пойбандии тарафҳо ба принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ ибрози назар карданд”, - гуфт Шоҳин Самадӣ.

Пештар аз ин ВКХ-и Русия ҳам дар бораи суҳбати телефонии вазирони ду кишвар хабар дода, навишт, ки ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи чораҳои андешидаи хадамотҳои Русия ҷиҳати пешгирии терроризм тибқи қонунгузории Русия тавзеҳоти муфассали иловагӣ дода шуд. 

“Ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи шаҳрвандони хориҷӣ шудааст. Махсус таъкид шуд, ки чорабинии ахир хусусияти муваққатӣ дошта, он зидди кадом миллату дине равона нашудааст ва ин ҳолат ба оҳистагӣ дар гузаргоҳҳо оддӣ мешавад”, - гуфта мешавад дар хабарномаи ВКХ-и Русия.

ВКХ-и Русия ҳам навишт, ки ҷонибҳо дар мавриди заруратӣ муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия, инчунин, нигоҳ доштан ва таҳкими динамикаи мусбати ҳамкорҳои ду кишвар ибрози назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 29-уми апрел, ВКХ-и Тоҷикистон сафири Русия дар Тоҷикистон Сергей Григоревро даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорида буд.

Дар нотаи эътирозӣ омада буд, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки ин ба рӯҳ ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.

Аз ин пештар, рӯзи 26-уми апрел, дар пайи банд мондани садҳо тоҷик дар сарҳади Қазоқистону Русия низ сафири Русия дар Тоҷикистон Сергей Григорев ба ВКХ давъат шуда буд. Он вақт ҳам ба сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия расонида шуд.

Бояд гуфт, ки тайи чанд рӯзи охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии Русия банд мондаанд. Маъмурони марзии Русия онҳоро мӯшикофона тафтиш ва бархеҳоро умуман иҷоза надода, дубора ихроҷ мекунанд.

Рӯзи 28-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Русия ба таври расмӣ дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард ва умедвори “ҳусни тафоҳум” дар ин бобат шуд.

Ҷониби Русия он вақт гуфт, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”.

Дар пайи ин ВКХ-и Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки бе зарурат муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Русия дар аксари ҳолатҳои ҳассос аз муҳоҷирони тоҷик чун фишанги муҳими таъсиррасонӣ болои Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафҳои худ истифода кардааст. Дар ин бора аз матлаби “Фишанги №1”. Русия бо “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.