Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ барои хунукназарӣ зоҳир намудан нисбат ба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ 173 мансабдори давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб шуданд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал аудиторони Палата ҷиҳати ошкор кардани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет дар 111 муассисаи давлатӣ санҷиш гузарониданд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ба маблағи 89 млн сомонӣ зиён ошкор гардида, зарари расонида пурра барқарор шуд”, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, баргузории санҷишҳои аудиторӣ дар муассисаҳои давлатӣ 45 адад кам шуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта маблағи зиёни ошкоршуда қариб 6,3 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Раиси Палатаи ҳисоб ҳамчунин қайд кард, ки бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Палата аввали сол санҷишҳои аудиториро дар 27 корхонаи истеҳсолкунандаи семент ва маъданҳои кӯҳии кишвар бекор кард.

Зикр шуд, ки сарвари давлат бо мақсади беҳубди самаранокии фаъолият санҷишҳои аудиториро дар ин корхонаҳо бекор кард.

“Бекор шудани санҷишҳо ба паҳншавии сирояти коронавирус дахл надорад, президент онҳоро ҳанӯз аввали моҳи январ, хеле пештар аз пайдо шудани пандемия дар Тоҷикистон бекор карда буд”, - илова кард Чиллазода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.