Дар робита ба пандемияи COVID-19 сармоягузорони байнулмилалӣ ҳаҷми ҷудо кардани қарзу грантҳоро ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон кам мекунанд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки бинобар пайдошавии пандемия барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант гирифта натавонист.

Ғайр аз ин, изҳор дошт Чиллазода, баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар масъалаи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба бор оварданд.

Тавре қаблан хабар дода шуд, бар асари пандемия мутахассисони Чин барои иштирок дар корҳои сохтмони роҳи Душанбе - Бохтар ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки марҳилаи аввали корҳои таъмиру навсозиро дар роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар дар муҳлати пешбинишуда анҷом додан имкон надорад, зеро мутахассисони Чин алҳол ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.