Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар робита ба коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди кишвар ба зиёда аз 100 ҳазор адад муштариёни худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ (беш аз 145 млн доллар) имтиёзҳо пешниҳод намуданд.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, аз ҷумла, муҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28,6 ҳазор шумораи муштариён бо маблағи 800 млн сомонӣ тамдид гардида, зиёда аз 43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шуданд.

Гуфта мешавад, тадбирҳои мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президенти мамлакатбо дарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 ба иқтисодиёт рӯйи даст гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маҷмӯъ меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар моҳи январ-июни соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 банди фоизӣ (аз 15,5 фоиз то 13 фоиз) паст шуда, меъёри фоизи қарзҳо бо пули миллӣ бошад, 1,7 банди фоизӣ зиёд шудааст (аз 21,9 фоиз то 23,6 фоиз).

Зикр мегардад, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ бонкҳо ба маблағи умумии наздики 4 млрд сомонӣ қарз додаанд.

“Аз ҳаҷми умумии қарз 19,3% ба соҳаи савдои хориҷӣ, 18,8% ба бахши кишоварзӣ, 10,6% ба саноат, 27,7% ба истеъмолот, 14% фоиз ба хизматрасонӣ, 5,2% ба сохтмон, 1,2% ба нақлиёт, 0,6% ба миёнаравии молиявӣ ва 2,6% ба дигар соҳаҳо рост меояд”, - таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.