Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ аз 8% дар соли гузашта то 5% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.

Ин “ба коҳиши интиқоли пул, ки тавре интизорӣ меравад, ба камшавии истеъмоли хусусӣ оварда мерасонад”, рабт дода мешавад.

“Соли 2022 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Ба ин афзоиши назарраси интиқоли пул, асосан аз Русия, ки зиёда аз сеяки ММД-ро ташкил медиҳад, мусоидат намуд”, - гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Афзоиши суст, таварруми баланд ва буҳрони арзиши ҳаёт”.

Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, дурнамои Тоҷикистон бо хатарҳои ҷиддии бад шудани вазъият алоқаманд аст.

“Дорандагони шаҳрвандии дугонаи Тоҷикистон ва Русия ҳамчунон зери хавфи баланди сафарбарии низомӣ дар Русия қарор доранд, ки метавонад ба бозгашти муҳоҷирон ва эҳтиёҷоти бештар ба кумаки иҷтимоӣ боис гардад”, - зикр мешавад дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки модели рушди иқтисоди Тоҷикистон ба истихроҷ ва содироти захираҳои табиӣ, инчунин интиқоли назарраси пули муҳоҷирон аз Русия асос ёфтааст.

“Ин модел осебпазирии хос дорад, ки бо вобастагии зиёд аз даромади муҳоҷирони корӣ аз як тараф ва заминаи маҳдуди истеҳсолии дохилӣ ва сабади содиротии ҳархеланашуда (диверсификатсиянашуда) аз тарафи дигар, алоқаманд аст”, - чунин мешуморанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ.

Рушди баланди иқтисоди ҷумҳуриро дар соли гузашта онҳо зиёд шудани талабот ба қувваи корӣ дар Русия маънидод мекунанд, ки “ дар якҷоягӣ бо болоравии қурби рубл ба зиёдшавии интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боис гардид. Ин тамоили мусбат истеъмоли хонаводаҳоро афзуд”.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки муҳоҷират дар соли гузашта афзуда, лекин баъди аз ҷониби Русия эълон шудани сафарбарии низомии умумӣ дар моҳи сентябр, кам шуд.

“Дар давоми нимсолаи аввали соли 2022 ҳиссаи хонаводаҳо бо муҳоҷирон дар оила аз 42% то 50% афзуда, лекин аз он вақт то ҳол мунтазам коҳиш меёбад”, - илова намудаанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши чанде қабли Бонки осиёии рушд (БОР) зикр гардида буд, ки зиёда аз 50% хонаводаҳо (тақрибан 735 ҳазор нафар) асосан ба интиқоли пул такя мекунанд.

Таъкид шуда буд, ки Тоҷикистон ба интиқоли пул, ки 80%-аш аз Русия ирсол мешаваду ҳудуди 1 млн нафар тоҷикистониён дар ин кишвар машғули коранд, вобастагии зиёд дорад.

Бино ба маълумоти БОР, дар қаламрави Русия беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, кору зиндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди маълумот ба намояндагони ВАО дар бораи ҳаҷми интиқоли пул худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад.

Қаблан ВАО-и Тоҷикистон ин маълумотро дар сомонаи Бонки марказии Русия дарёфт мекарданд. Аммо пас аз оғози муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва Украина, ин ниҳоди молиявии Русия аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад. Дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати боздоштани нашри чунин маълумот чизе зикр намешавад.

Дар соли 2021 маблағи умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил дода буд, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Зиёда аз 76%-и ин интиқолҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, қариб аз чор як ҳиссаи он - аз ҷониби шаҳрвандони Русия ва/ё шахсони бо Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия иқоматдошта анҷом дода шудаанд. Дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо 94,3%-ро рубл, 5,6%-аш - доллар ва 0,1%-ашро - евро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.