Кормандони пулис 4 тан аз зодагони Осиёи Марказиро, ки ба иштирок дар ҷанҷоли гурӯҳӣ бо истифода аз корд дар Чехов рӯзи 31 июл гумонбар дониста мешаванд, боздошт карданд. Он замон 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда буданд, хабар медиҳад lopasnya.ru.

Айни замон 4 нафар хориҷиёни синни аз 24 то 30-сола боздошт шуданд. Ояндаи наздик онҳо ба мақомоти тафтишот бурда мешаванд.

Шаҳрванди кадом давлат будани онҳо мушаххас гуфта намешавад.

Аммо боздоштшудаҳо, тибқи маълумоти пешакӣ, низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Аз сафорати Тоҷикистон ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додаанд, ки дар ҷанҷолу занозанӣ 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд: “Онҳо ба ҳамдигар занозанӣ кардаанд”.

“Дар муноқишаи мазкур 10 нафар иштирок карда, 2 каси онҳо инҳон шуданд ва боқимонда ҳозир дар шуъбаи Кумитаи тафтишот дар ноҳияи Чехов бозпурсӣ мешаванд. Аз иштирокчиёни ҷанҷол 2 нафар ҳалок шуда, ҳолатҳои дигари ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд”, - гуфтаанд дар сафорат ва зикр кардаанд, ки иштииокчиёни муноқиша шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Тавре ки нашрияи «Московский Комсомолец» хабар медиҳад, яке аз кушташудагон Далер Тағоеви 28-сола мебошад.

Тағоев чанде пеш ба вилояти Маскав омада, ба фурӯши масолеҳи сохтмон машғул будааст ва барои ин кор бо бародараш автомашинаи “Лада-Самара” харидаанд (кушташудагон маҳз дар назди мошини дар таваққуф гузошта дарёфт шуда буданд).

Нашрия зикр мекунад, ки нафари кушташудаи дуюм дар ҷараёни ҷанҷол ҳамноми ӯ будааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷанҷолу занозанӣ бо истифода аз корд шоми 31 июл дар шаҳри Чехови вилояти Маскав рух дод. Пеш аз ҳодиса яке аз ҳалокшудагон дар қаҳвахонаи назди маркази савдои “Карнавал” мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Баъдан ӯ қасос гирифтан хоста, ҳаммаслаконашро ҷамъ мекунад, вале ҳалок мешавад. Дар натиҷа аз ҷанҷол якчанд нафар осеб дида, 2 кас аз захмҳои корд ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.