Дар ҷараёни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия автомашинаи тамғаи Opel Vectra-ро дар шаҳри Бохтар таҳти идораи сокини 52-солаи ноҳияи Вахш боздошт намуданд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни азназаргузаронии автомашина аз он 21 зарф ва халтаҳо бо шираи камол дарёфт мешаванд.

Гуфта мешавад, тибқи хулосаи экспертизаи кимиёвию фармасевтӣ, маводҳои гирифташуда, ба маводи шираи сахтшудаи “камоли бадбӯй” мансуб буда, дар маҷмӯъ вазни холиси онҳо 527 килограмму 500 граммро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел мутобиқаи моддаи 234 (Ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ дар ҳаҷми 55 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Камол растании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решаааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок. Гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунанд, ки бӯи сир дошта, мазааш турши тез аст.

Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.