Сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Мавзуна Очилдиева аз ҷониби суди маҳаллӣ ба риоя накардани меъёрҳои қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ” айбдор дониста шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Мавзуна Очилдиева моҳи июли соли равон дар ҳавлии манзили истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон ва иштироки зиёда аз 50 нафар хатнатӯйи писарашро бо додани таом гузаронидааст.

Гуфта мешавад, бо қарори суди шаҳр ӯ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима барои ҳисобҳо баробар ба 5 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо мукаррар карда шуд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, маросими хатнаи кӯдак дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ,  соли 2018 дар Тоҷикистон 80 ҳазору 330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд.

Тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, бо мақсади пешгирии гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи солимии равонии кӯдакон баргузории маросими хатна дар хона аз ҷониби устоҳои мардумӣ маъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.