Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов), яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ин бора наздикони рӯзноманигор хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, ӯ субҳи имрӯз ба зиндон интиқол ёфт ва акнун ҳудуди 15 рӯз дар карантин бояд бишинад.

Интиқоли Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба зиндон дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми декабр дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошта буд.

Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард. Баъди 10 рӯзи гузаштан аз ҳукми суд ва пайдо кардани баҳои ҳуқуқӣ Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ вакили дифоъ ҷудо карда буд, аз болои он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ карданд. 

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Мурофиҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Аз ин пештар Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ аз СИЗО ба зиндони "1-ум Советский" интиқол дода шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.