Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 2 май сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар дода мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
“Ҷонибҳо ба сатҳу мундариҷаи равобити гуногунҷанба дар руҳияи дӯстию шарокати дарозмуддат баҳои баланд доданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масоили таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амну суботи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор доштанд.
Ба иттилои манбаъ, инчунин мусоҳибон ба пешбурди тамосу музокироти созанда дар сиғаи “С5+1” таваҷҷуҳ зоҳир карданд.




Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста